Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

asia+

Дар Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор”, ки аз 25 то 28-уми май дар Душанбе баргузор мешавад, беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд. Тоҷикистон умед дорад, дар доираи ин форум таҳияи роҳҳои ҳалли муштараки масъалаҳои обу ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба даст меояд.

Саноӣ Бойзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми май дар ҳузури хабарнигорон (брифинг) гуфт, ки ҳоло корҳои омодагӣ ба ҳамоиши мазкур идома дорад.

Номбурда афзуд, дар ҳамоиш намояндагон аз кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид (СММ), созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, институтҳои молиявӣ ва дигар ҷонибҳои даъватшуда ширкат мекунанд.

Акс аз сомонаи ВКХ
“Ҳамоиши мазкур, ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар самти мудирияти устувори захираҳои об, муқовимат ба таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва пешбурди дипломатияи об хидмат менамояд”,-иброз дошт муовини вазири корҳои хориҷӣ.

Ба таъкиди Саноӣ Бойзода чорабинии мазкур ба пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт саҳми назаррас мегузорад.

Акс аз сомонаи ВКХ

“Ҳамоиши Душанбе ҳамчун яке аз марҳилаҳои асосии омодагӣ ба Ҳамоиши оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Сенегал ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад, хидмат хоҳад кард”,-гуфт номбурда.

Дар охир, рӯзноманигорон ба саволҳои худ дар робита ба баргузории ин ҳамоиш посух гирифтанд.

Қосими Бекмуҳаммад, хабарнигори "Форс" дар Тоҷикистон. Акс аз сомонаи ВКХ

Бояд гуфт, ки Ҳамоиши чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” аз 25 то 28-уми май дар Душанбе дар доираи “Раванди оби Душанбе” баргузор мешавад. Ин ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон якҷоя бо Созмони миллали мутаҳҳид амалӣ карда мешавад ва баргузории чорабиниҳоро ҳар ду сол як бор пешбинӣ мекунад.

Қаблан чунин ҳамоишҳо дар Душанбе дар солҳои 2018, 2022 ва 2024-ум низ баргузор шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ