Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар мавриди лоиҳаи санҷишӣ дар соҳаи андозбандии соҳибкорони инфиродӣ тавзеҳ ирсол кард. Ин ҷо сари ҷорисозии тартиботи махсусе сухан меравад, ки ба амалиёт тариқи ҳамёнҳои электронӣ дахл дорад ва тибқи маълумоти Агентӣ, ба ошкор кардани шахсоне, ки амалан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, вале ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта нашудаанд, равона шудааст.
Дар Агентӣ зикр карданд, ки пас аз нашри маводи “Азия-Плюс” рӯзи 14 май дар бораи ҷорисозии тартиботи мазкур қисмате аз муқаррароти он аз ҷониби ҷомеа нодуруст фаҳмида шуд.
“Пеш аз ҳама, зикр кардан муҳим аст, ки лоиҳа ба андозбандии интиқоли маблағ байни шаҳрвандон ва “пайгирӣ”-и ҳамёнҳои электронӣ равона нашудааст. Ҳадафи аслии лоиҳа дастгирии тиҷорати хурд ва шаҳрвандоне, ки мустақилона ба кор машғуланд ва ҳамчунин, фароҳам овардани низоми оддӣ ва қулайи кор бо мақомоти андоз мебошад”, – гуфтанд аз Агентӣ.
Ба навиштаи Агентӣ, дар лоиҳа чунин амалҳо пешбинӣ шудааст:
– ҳисоби худкори андоз;
– таҳияи худкори ҳисобот;
– поин бурдани сарбории андоз барои соҳибкорони инфиродӣ (меъёри аз 6 то 3%);
– кам кардани шумори санҷишҳо;
– соддаву осонтар кардани бақайдгирии соҳибкорон.
Ғайр аз ин, таъкид карданд дар Агентӣ, дар сурати пардохти ғайринақдӣ қисмате аз маблағи андоз дар шакли кешбэк ба харидор баргардонида мешавад.
“Мақомот инчунин барои пардохтҳои ғайринақдӣ ба харидорон 1% кэшбэк ваъда медиҳанд, ки аз ҳисоби андози ситонидашуда пардохт мешавад”, – итминон медиҳанд дар ин ниҳод.
Ҳамчунин зикр мешавад, ки дар доираи лоиҳаи озмоишӣ маҳдуд кардани воситаҳои гардишӣ (даромади умумӣ) бо ҳадди ҳатмии гузариш ба шахси ҳуқуқӣ пешбинӣ намешавад. “Ин барои рушди тиҷорати хурд ва соҳибкорон шароити бештар хуб ва мусоидтар фароҳам меорад”, — гуфтанд дар Агентӣ.
Дар Агентӣ шарҳ доданд, ки ин механизм танҳо ба ҳолатҳои фаъолияти мунтазами соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ дахл дорад. Ин тартиб нисбат ба интиқолҳои одии шахсӣ ва оилавии шаҳрвандон дахл надорад.
Бино ба маълумоти Агентӣ, чунин механизмҳои рақамӣ аллакай дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Русия мавриди истифода қарор доранд.
“Ба ин тариқ, ҳадафи аслии лоиҳа рушди иқтисоди рақамӣ, дастгирии тиҷорати хурд ва фароҳам сохтани низоми шаффоф ва қулай барои соҳибкорон аст”, – илова карданд дар ин ниҳод.
Бояд зикр кард, ки адами иттилои муфассал ва саривақтӣ дар бораи ин лоиҳа боиси суолҳои зиёд шуд. Аз ин лиҳоз, “Азия-Плюс” бо саволҳои иловагӣ ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ муроҷиат кард ва дар ин ниҳод, ба мо ваъда доданд, ки дар фурсати наздик ба онҳо посух мегӯянд.





