Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

asia+

Вазорати корҳои хориҷии Амрико шаби гузашта эълон кард, ки Исроил ва Лубнон ба тамдиди 45 рӯзи дигари оташбас миёни ду кишвар ба созиш расидаанд.

Ин тавофуқ, ба гуфтаи манбаъ, пас аз музокироти намояндаҳои Исроил ва Лубнон бо миёнҷигарии Амрико, ки рӯзҳо 14 ва 15-уми май дар Вашингтон сурат гирифт, ба даст омадааст.

Вокуниши “Ҳизбуллоҳ” ба тамдиди ин тавофуқ маълум нест. Қалблан ин гурӯҳ дар вокуниш ба ин оташбас гуфта буд, ҳар гуна оташбас бо Исроил бояд “қатъи пурраи ҳамлаҳо дар саросари қаламрави Лубнон”-ро дарбар гирад ва ба нерӯҳои Исроил иҷозат надиҳад, ки  озодона амал кунанд.

Исроил ва Лубнон бори аввал шаби 16 ба 17-уми апрел ва пас аз якуним моҳ муноқишаи мусаллаҳона миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон оғоз шуда буд, ба оташбаси 10-рӯза созиш карда буданд. Баъдан рӯзи 23-юми апрел ин оташбас барои се ҳафтаи дигар тамдид шуд.

Вале бо вуҷуди таваққуфи ҷанг, ҳамлаҳои Исроил ба ҷануби Лубнон идома дошт. “Ҳизбуллоҳ” ҳам дар ин муддат ба Исроил чанд бор мушак партоб карда буд. Ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон пас аз кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон аз сӯйи Амрико, рӯзи 2-юми март дар ҳамбастагӣ бо Теҳрон ба даргириҳо дар Ховари Миёна пайваст ва ба Исроил ҳамла кард. Пас аз ин, Исроил вориди хоки Лубнон шуд ва он ҷо ҳамлаҳои ҳавоиву заминиро роҳандозӣ кард, ки боиси куштани шудани беш аз 2 ҳазор нафар ва овора гардидани беш аз 1 миллион тани дигар шуд.

“Ҳизбуллоҳ” гуфт, дар даргириҳо бо Исроил дасти кам 19 сарбози ин кишварро куштааст.

Дар бораи бархе нуктаҳои оташбаси Исроил ва Лубнон, ки бори аввал як моҳ пеш ба даст омад ва вокуниши Теҳрону Телавив ва “Ҳизбуллоҳ” дар ин маводи мо хонед: Вокуниши Тел-Авиву Теҳрон ва “Ҳизбуллоҳ” ба оташбаси 10-рӯза миёни Исроил ва Лубнон. Дар Бейрут аз нақзи оташбас гуфтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.