Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон (U-17) дар бозии марҳилаи 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё дар баробари тими Ҷопон бо ҳисоби бузург мағлуб ва аз идомаи ин мусобиқа маҳрум шуд.
Набарди дастаҳо шаби гузашта дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шуда, бо натиҷаи 5:0 ба нафъи ҷопониҳо поён ёфт.
Бо вуҷуди ҳунарнамоии шоиста дар марҳилаи гурӯҳӣ, ки дар он дастаи Далер Каёсов, сармурабии тими милли наврасони то 17-сола ягон шикаст нахӯрд, дар бозии ҳалкунанда барои роҳ ёфтан ба дарви нимниҳоӣ, футболбозони тоҷик бо рақибе дар сатҳи дигар рӯ ба рӯ шуданд. Дастаи мунтахаби Ҷопон аз дақиқаҳои аввал кӯшиш мекард ҷараёни бозиро зери назорат гирад, ҳарчанд оғози вохӯрӣ то ҳадде эҳтиёткорона сурат гирифт.

То танаффус ҷопониҳо асосан бо зарбаҳо аз беруни ҷарима маҳдуд мешуданд, аммо дар поёни қисми аввал ба ҳадафи худ расиданд. Дар дақиқаи 42-юм баъд аз як партофти дақиқ, Кайто Китахара тӯбро ба кунҷи поёнии дарвоза равон кард ва ҳисобро боз кард.
Ҳамин тарв, дар дақиқаи 60-ум Китахара голи дуюми худро ба самар расонда. Баъдан Тафуку Сайто ҳисобро 3:0 кард. Дар дақиқаи 79-ум Сатоми тӯби ирсолшуда ба нишон расонд ва дар вақти иловагӣ, Эйто Такаки ҳисоби ниҳоиро — 5:0 кард.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Ҷопон ба дарви нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфт ва муборизаро барои ба даст овардани панҷумин унвони қаҳрамонӣ идома медиҳад.

Ҳамакнун, миллипӯшони навраси тоҷик аз Ҷидда ба Душанбе бармегарданд.
Наврасони тоҷик бо шикасти ҳамсолони худ аз Тайланду (2:0) Мянмар (1:0) ва мусовӣ бо Арабистони Саудӣ (5:5) ба даври якчаҳорниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта буданд. Ин натиҷа, ба тими то 17-солаи футболи Тоҷикистон имкон дод, ки бо ҷои дуввум дар гурӯҳ, бори чаҳорум роҳхати Ҷоми ҷаҳон миёни наврасонро, ки моҳи ноябр дар Қатар сурат мегирад, ба даст орад.
Бояд гуфт, қаблан тимҳои миллии наврасони Тоҷикистон дар солҳои 2007, 2019 ва 2026 ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифта буданд.





