Моҳҳои июл-августи соли равон интиқоли ҳавопаймоҳои нави тамғаи Boeing-737 MAX 8 ба Тоҷикистон дар назар аст. Раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” (Somon Air) бо намояндагони ширкати Boeing масоили омодагӣ ҷиҳати ба истифода додани ҳавопаймоҳои нави Boeing 737 MAX 8-ро баррасӣ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар медиҳад.
Дидору гуфтушуниди раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо ҳайати ширкати Boeing рӯзи 15 май баргузор шуд.
Ҷонибҳо масоили калидии марбут ба истифодаи ҳавопаймоҳои нав, инчунин маҷмӯи тадбирҳоро ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии амалиёт ва беҳтар намудани фаъолияти ширкати ҳавопаймоӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қаблан ширкати Boeing ва ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон карда буданд, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки фармоиши бузургтаринро дар таърихи худ – то 14 адад ҳавопаймоҳои сарфакори 787 Dreamliner ва 737 MAX амалӣ намояд.
То ин дам “Сомон Эйр” 6 адад ҳавопаймоҳои Boeing-737 Next-Generation-ро дар истифода дошт ва аз Тоҷикистон ба 25 самти Аврупо, Осиё ва Ховари Миёна парвозҳо анҷом медод. Тибқи тавофуқи ҳосилшуда, ширкат ният дошт ҷиҳати густариши шабакаи байналмилалии хатсайрҳо ва навсозии парки худ боз якчанд адад ҳавопаймоҳои ин ширкатро харидорӣ кунад.






