Аз эътирофи сиёсати “Чини ягона” то ҳамкории низомиву тиҷорӣ. Аҳдномаи нави Тоҷикистону Чин чӣ мегӯяд? 

Ин Аҳднома рӯзи 12-уми май дар Пекин имзо шуд.

asia+

Дар ҳошияи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин, Тоҷикистон ва Чин Аҳдномаи нави ҳамҷавории неки абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкориро имзо карданд. Ин санад на танҳо густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии ду кишварро фаро мегирад, ҳамчунин мавқеи ҷонибҳоро дар масъалаҳои амният, мубориза бо ҷинояткорӣ, сиёсати “Чини ягона” ва рушди муштараки минтақавӣ низ мушаххас мекунад.

Лоиҳаи аҳднома, ки рӯзи 8-уми май нашр шудааст, кадом нуктаҳои асосиро дарбар мегирад, дар ин матлаби мо хонед.

Эътирофи сиёсати “Чини ягона”

Тибқи лоиҳаи Аҳднома, Тоҷикистон сиёсати “Чини ягона”-ро дастгирӣ мекунад ва эътироф менамояд, ки танҳо як давлати Чин вуҷуд дошта, Тайван қисми ҷудонашавандаи он аст ва ҳукумати Чин намояндаи расмии тамоми Чин ба ҳисоб меравад.

Аз ҷониби дигар, Чин низ талошҳои Тоҷикистонро барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, таъмини амнияту субот, пешрафти кишвар ва рушди миллӣ дастгирӣ мекунад.

Ҳарду ҷониб ваъда медиҳанд, ки ҳамаи созишномаҳои вобаста ба сарҳади байни ду кишварро пурра риоя мекунанд.

Пешгирӣ аз амалҳои душманона

Мувофиқи Аҳднома, Тоҷикистон ва Чин ваъда медиҳанд, ки дар ягон иттиҳод ё созмоне иштирок намекунанд ва бо давлатҳои дигар созишномае намебанданд, ки ба истиқлолият, амният ё ҳудуди якдигар зарар расонад. 

Яъне созишномаҳое, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Чин бо давлати сеюм ё созмоне мебанданд, набояд ба истиқлолу амният ё марзи ду кишвар хатар эҷод кунад.

Ҳамчунин, онҳо амалҳои душманонаро зидди ҳамдигар дастгирӣ намекунанд.

Акси марбут, Акс аз сомонаи "Ховар"

Ду кишвар инчунин иҷозат намедиҳанд, ки давлатҳои дигар аз ҳудуди онҳо барои анҷом додани амалҳое истифода баранд, ки ба манфиатҳои кишвари дигар зарар мерасонанд.

Илова бар ин, ҳар ду кишвар намегузоранд, ки дар ҳудуди онҳо гурӯҳ ё созмонҳое фаъолият кунанд, ки метавонанд ба амният, соҳибихтиёрӣ ё тамомияти арзии кишвари дигар таҳдид кунанд.

Агар дар минтақа ё ҷаҳон вазъияти хатарнок ё буҳрон ба вуҷуд ояд, ки метавонад ба амният ё манфиатҳои Тоҷикистон ё Чин таҳдид кунад, ду кишвар фавран бо ҳам машварат мекунанд. Ҳадаф ин аст, ки якҷоя роҳи муқобила бо чунин таҳдидҳоро пайдо кунанд.

Равобити сиёсӣ

Тоҷикистон ва Чин мехоҳанд робитаҳои сиёсии худро боз ҳам фаъолтар кунанд. Аз ин рӯ, мулоқоту гуфтугӯҳоро дар сатҳи роҳбарон, вазирони корҳои хориҷӣ ва дигар мақомот бештар мегузаронанд, то дар масъалаҳои муҳим табодули андеша ва мавқеъҳои худро ҳамоҳанг кунанд.

Ҳамчунин, ду кишвар ҳамкории байни порлумонҳои худро низ густариш медиҳанд ва фаъолияти муштараки вакилони Тоҷикистону Чинро боз ҳам мустаҳкам мекунанд.

Ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ

Тибқи лоиҳаи Аҳднома, Тоҷикистон ва Чин ният доранд ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии худро боз ҳам васеъ намоянд. Онҳо мехоҳанд ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-и Чинро бо барномаҳои рушди Тоҷикистон ҳамоҳанг кунанд.

“Як камарбанд, як роҳ” тарҳи бузурги сиёсати ҷаҳонӣ ва иқтисодии Чин аст, ки соли 2013 муаррифӣ шуд. Ҳадафи он эҳёи Роҳи абрешим ва пайвастани Чин бо Аврупо, Осиё ва Африқо тавассути зерсохтҳои азими нақлиётӣ ва сармоягузорӣ аст.

Мувофиқи лоиҳа, ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиҷорат, сармоягузорӣ, энерҷӣ, кишоварзӣ, саноат, илму фанноварӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди сабз ҳамкориҳоро бештар мекунанд.

Ҳамчунин, онҳо талош менамоянд, ки лоиҳаҳои муштарак бехатар ва бидуни монеа амалӣ шаванд.

Тоҷикистон ва Чин ҳамкории худро дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони милали муттаҳид, Созмони ҳамкории Шонгҳой ва қолаби “Чин – Осиёи Марказӣ” низ бештар мекунанд.

Ду кишвар инчунин мухолифи маҳдудиятҳои иқтисодӣ ва амалҳои якҷониба буда, аз низоми одилонаи тиҷорати ҷаҳонӣ ҳимоят мекунанд.

Ҳамчунин, онҳо мехоҳанд нақши Созмони ҷаҳонии тиҷоратро дар иқтисоди ҷаҳон қавитар кунанд.

Бародаршаҳрӣ ва муносиботи фарҳангӣ

Дар баробари ин, Тоҷикистону Чин мехоҳанд робитаҳои мустақими байни вилоятҳо ва шаҳрҳои ду кишварро густариш диҳанд ва муносибатҳои дӯстиву бародаршаҳриро дастгирӣ кунанд.

Мубориза бо ҷинояткорӣ

Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти таъмини амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ боз ҳам қавитар мекунанд.

Ду кишвар якҷоя зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ мубориза мебаранд ва дар доираи созмонҳое мисли Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳамкориро тақвият медиҳанд.

Ҳамчунин, онҳо ният доранд якҷоя бо ҷинояткории муташаккил, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои сайберӣ ва дигар ҷиноятҳои байналмилалӣ мубориза баранд.

Ҳамкории низомӣ

Тоҷикистон ва Чин мехоҳанд ҳамкории худро дар соҳаи низомӣ боз ҳам қавитар кунанд. Онҳо ният доранд ҳамкориҳои низомӣ ва техникиро густариш диҳанд, мулоқоту тамосҳои низомиро бештар намоянд ва дар омода кардани мутахассисони низомӣ ба ҳамдигар кумак расонанд.

Дар айни замон, таъкид мешавад, ки ин ҳамкориҳо зидди ягон кишвари дигар равона нашудаанд ва ҳадафи асосӣ ҳифзи манфиатҳои ду кишвар ва таъмини амнияти минтақа мебошад.

Бояд гуфт, ахиран лоиҳаи Ёддоште расонаӣ шуд, ки мувофиқи он, Чин бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон як миқдор таҷҳизоти зиддитеррористӣ, аз ҷумла 34 таҷҳизоти иктишофӣ ва дигар маводу лавозимоти пулис медиҳад.

Зимнан, дар лоиҳаи санад зикр мешавад, ки ин Аҳднома зидди ягон кишвари дигар равона нашудааст.

Ҳамчунин, он ба дигар созишномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон ва Чин қаблан имзо кардаанд, халал намерасонад ва уҳдадориҳои пешинаи онҳоро тағйир намедиҳад.

Аҳдномаи мазкур ба муддати номуайян баста шуда, аз рӯзе эътибор пайдо мекунад, ки ҳар ду кишвар тавассути роҳҳои дипломатӣ расман хабар медиҳанд, ки тамоми расмиёти дохилии заруриро анҷом додаанд.

Бояд гуфт, Чин аз шарикони асосии роҳбурдии Тоҷикистон аст. Зимни сафари охири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин кишвар низ, ки рӯзҳои 11-14-уми май сурат гирифт, беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.