Ширкати ҷаҳонии “HONOR” силсилаи нави смартфонҳои “HONOR 600”-ро барои насли эҷодкор муаррифӣ кард. Дастгоҳ тарҳи ултратунук, имкониятҳои пешрафтаи ҳуши маснӯӣ ва анбора (батарея)-и пуриқтидорро дар худ муттаҳид кардааст.
Ҳамчунин дастгоҳи нав дорои имконоти пешрафтаи зерин аст.
Танзими навор ва таҳрири аксҳо бо ҳуши маснӯӣ
“AI Image to Video 2.0” имкон медиҳад, ки танҳо бо фармонҳои матнӣ аз се акс наворҳои ҷолиби синамоӣ эҷод кунед.
“AI Photos Agent” бошад аксҳоро мутобиқ ба дархости корбар ба таври худкор таҳрир карда, унсурҳои нолозим ё ҳаракаткунандаро нест мекунад.
Ҳамчунин, корбарон 3 моҳ ба “Google AI Pro”, аз ҷумла, “Gemini”, тавлиди навор бо Veo 3.1 ва 5 ТБ захираи маҷозӣ дастрасии ройгон пайдо мекунанд.
Қавитарин дурбини шабонаи 200-мегапикселӣ
Смартфон бо дурбини шабонаи 200-мегапикселии “Ultra-clear Night Camera” муҷаҳҳаз аст. Он ҳатто дар шароити хеле торик ва ҳангоми наздиксозӣ (зум)-и аз 0.6 то 10-карата аксҳоро босифат сабт мекунад. Нусхаи “HONOR 600 Pro” дорои дурбини “Periscope Telephoto” бо имкони наздиксозии то 120-карата ва реҷаи махсуси аксбардории шабонаи чеҳра (bokeh) мебошад.
Имконияти “SuperMoon 2.0” бошад, барои аксбардории босифати моҳ пешбинӣ шудааст.
Анбора (батарея)-и 7000 mAh
Баръакси тасаввуроти аксар, бо вуҷуди анбора (батарея)-и бузург смартфон тарҳи борики худро нигоҳ доштааст. Дар дохили бадана анбораи 7000 mAh ҷойгир аст.
Муҳлати истифода. Танзими худкори ҳуши маснӯӣ имкон медиҳад, ки телефон то 2 рӯз бидуни гирифтани қувва фаъол бошад.
Муқовимат бо сармо: Ҳатто дар ҳарорати −20°C ва бо 20% нерӯ, вазифаҳои асосиро иҷро мекунад.
Устуворӣ: Анбора барои 5 соли истифода ё 1600 давраи пуркунӣ пешбинӣ шудааст.
Қудрати “флагманӣ” ва ҳамгироӣ бо “Apple”
Нусхаи маъмулии смартфон бо пардозанда (протсессор)-и “Snapdragon 7 Gen 4” ва нусхаи Pro бо чипи 3-нанаметрии “Snapdragon 8 Elite” кор мекунад, ки тибқи маълумоти ширкат то 45% тезтар аст
Яке аз хусусиятҳои беназири силсила ҳамоҳангии хуб бо муҳити ягонаи дастгоҳҳо (экосистема)-и “Apple” аст. Тавассути фанноварии “OneHop” шумо метавонед бо як пахш байни “HONOR” ва “iPhone” файлҳоро интиқол диҳед, паёмҳоро дар “Apple Watch” бинед ва файлҳои телефонро дар “Mac” дастрас кунед. Смартфон дар се ранг – норанҷӣ, сафеди тиллоранг ва сиёҳ дастрас аст.
Барои огоҳ шудан аз навгониҳо ва нархҳо саҳифаҳои расмии моро дар Instagram, Telegram ва Tiktok пайгирӣ кунед.







