Имрӯз аз мавлуди яке аз чеҳраҳои шинохтаи илми тоҷик, доктори илмҳои таърих ва профессори зиндаёд Абдуҳамид Ҷалилов 100 соли расо пур мешавад. Профессор Ҷалилов аз зумраи он донишмандонест, ки кору пайкораш дар саҳифаҳои таърихи ватанӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Хидматҳои мондагори ӯ ҳамчун Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон на танҳо дар доираҳои илмии ҷумҳурӣ, балки дар хориҷ аз он низ шуҳрати беандоза дорад.
Зиндагиномаи ин муаррихи маъруф, ки беш аз 60 соли умри бобаракати худро сарфи таҳқиқи таъриху тамаддуни тоҷикон кардааст, барои ҳар як фарди ҷомеа, ба вижа насли ҷавони муҳаққиқон намоди ибрат аст. Ба ин муносибат, мо ба рӯзгору корномаи Абдуҳамид Ҷалилов назаре меафканем.
Писари қаҳрамони ҷанг ва набераи домулло
Абдуҳамид Ҷалилов 25-уми майи соли 1926 дар деҳаи Маҳрами шаҳри Конибодоми вилояти Суғд чашм ба дунё кушодааст. Ӯ дар муҳити оилаи аҳли фарҳанг ва соҳибмаърифат ба камол расида, ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ба китобу дониш меҳри беандоза дошт.
Бобои модариаш домулло Комилҷон дастпарвари мадрасаи Бухорои шариф ва аз донишмандони шинохтаи даврон ба ҳисоб мерафт, ки дар ташаккули ҷаҳонбинии наберааш нақши муҳим бозидааст. Падари ӯ Абдуҷалил Толибов барзгари заҳматкаш ва иштирокчии ҷанг алайҳи Олмони фашистӣ буд, ки дар муҳорибаи шадиди Сталинград қаҳрамонона ҷангида, аз як дасташ маҳрум гаштааст ва бо ордену медалҳои зиёд қадрдонӣ шудааст. Нақши модараш Нурбибӣ Комилова низ дар тарбияи Абдуҳамиди ҷавон бисёр бузург аст. Ӯ зани фаъолу пешқадами замон буд.

Таҳсили Абдуҳамид Ҷалилов дар мактаби миёна, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва сипас дар факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров (солҳои 1941-1948) маҳз ба солҳои душвори ҷанг ва замони сахти баъдиҷангӣ рост омад.
Бо вуҷуди ҳамаи ин маҳрумиятҳо ва мушкилоти иқтисодӣ, ӯ тавонист донишгоҳро дар соли 1948 бо баҳои аъло хатм кунад ва қадамҳои нахустини худро ба сӯи майдони илм устуворона гузорад.
Роҳи тайкарда то илм
Роҳи Абдуҳамид Ҷалилов ба сӯи қуллаҳои илм бо заҳмату саъю кӯшиши шабонарӯзӣ ва ҷустуҷӯҳои пайвастаи илмӣ ҳамроҳ буд. Соли 1948, пас аз хатми донишкада дар Хуҷанд, бо тавсияи бевоситаи академик Муҳаммад Осимӣ ӯро ба аспирантураи Институти таърих ва маданияти моддии шаҳри Ленинград фиристоданд. Дар он ҷо донишманди рус Александр Якубовский, ки худ яке аз шогирдони барҷастаи академики машҳур Бартолд буд, роҳбари илмии ӯ шуд.
Маҳз дар ҳамин муҳити илмӣ, дар Ленинград, дар иҳотаи устодони сахтгир ва олимони сатҳи ҷаҳонӣ, ба мисли И.Ю. Крачковский, И.А. Орбели, В.В. Струве, Б.Б. Пиотровский ва В.А. Массон, Абдуҳамиди ҷавон маҳорату малакаи касбии худро сайқал дод.

Аз соли 1949 то 1952 ӯ дар кофтуковҳои бостоншиносии Панҷакенти қадим иштирок карда, саҳифаҳои камбаёни таърихи Суғд ва Тахористонро амиқ пажӯҳиш кард.
Аллакай соли 1955 Абдуҳамид Ҷалилов рисолаи номзадии худро ҳимоя кард ва моҳи ноябри соли 1976 дипломи доктори илмҳои таърихро ба даст овард. Пас аз ду сол — соли 1978 — ба ӯ унвони илмии профессори кафедраи таърихи қадим ва асрҳои миёна супорида шуд.
Дар омади гап, маҳз профессор Ҷалилов нахустин мудири кафедраи таърихи қадим ва асрҳои миёнаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва беш аз 40 (!) сол роҳбарии онро ба уҳда дошт.
Хадамот дар илм ва эътирофи шогирдон
Профессор Абдуҳамид Ҷалиловро дар доираҳои илмӣ бештар ҳамчун “Суғдшинос”-и асил мешиносанд. Ӯ яке аз поягузорони асосии мактаби илмии суғдшиносиву тахористоншиносӣ аст ва муҳаққиқи таърихи асрҳои миёна асту муаллифи қариб 300 пажӯҳиши илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.
Ӯ ҳамчунин бо унвони “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон”, “Аълочии таҳсилоти ИҶШС”, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия сарфароз шуда, узви вобастаи шуъбаи Тоҷикистонии Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ буд.

Доираи таҳқиқоти ӯ на танҳо бо таърихи Осиёи Миёна маҳдуд мешавад, балки бо омӯзиши равобити таърихии кишварҳои Араб, Ҳиндустон, Чин ва Эрону Афғонистон пайванди ногусастанӣ дорад. Хадамоти ӯро шогирдону ҳамкасбонаш ҳамеша бо эҳтироми хос ёд мекунанд.
Аз ҷумла, муҳаққиқ ва яке аз дастпарварони мактаби ӯ, Галина Каримова – номзади илмҳои таърих ва корманди пешбари шуъбаи археологияи Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи А. Дониши АМИТ, нақши Абдуҳамид Ҷалиловро баланд арзёбӣ намуда, мегӯяд, ки: “бо кору фаъолияти муаррихони варзида амсоли М.Б. Бобоханов, М.Ш. Шукуров, А.Г. Слонимский, А.Ҷ. Ҷалилов, Р.А. Набиева, К.П. Марсаков, М.Р. Раҳимова, Н.Н. Неъматов, В.А. Ранов, Х.Ю. Муҳитдинов, А.Д. Бобоев ва дигарон рушди илми таърих дар кишварамон сахт алоқаманд мебошад”.
Ҳамзамон, Тоҷиддин Ғуломов, доктори илмҳои таърих ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо ифтихор гуфтааст, ки “дар радифи тамоми муаррихини маъруф, профессор Абдуҳамид Ҷалилов аз барҷастатарин мутахассисон ва муҳаққиқони дақиқназар ҷойгоҳи вижа дорад”.
Инчунин, дигар шогирдон, ба мисли профессор Малика Зикриёева ва муаррих Нозим Ҳакимов, пайваста мероси илмии Абдуҳамид Ҷалиловро ҳамчун маркази шаклгирии бунёдии таърихнигории миллӣ ва шинохти таърихи асрҳои VII-IX-и ҳудудҳои тоҷикнишин эътироф кардаанд.

Ҷанбаҳои ҷолиби зиндагӣ
Яке аз паҳлӯҳои ибратомӯз ва ҷолиби зиндагии профессор Ҷалилов ин муҳити оилавии ӯст, ки саршор аз фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ ва меҳанпарастии беназир будааст.
Масалан, модари ӯ дар солҳои ҷанг алайҳи фашизм ҳамчун раиси артели бофандагӣ фаъолият карда, шабу рӯз бо занони деҳа барои ҷанговарон сарулибоси гарм медӯхт ва маблағ ҷамъоварӣ мекард. Барои ин ташаббуси ватандӯстона ва пуштибонии қавӣ, ӯ ҳатто аз номи худи Иосиф Сталин барқияи миннатдорӣ ба даст оварда будааст.
Падараш, сарфи назар аз он ки дар муҳорибаҳо як дасташро аз даст дода буд, пас аз бозгашт ба зодгоҳ ҳаргиз рӯҳафтода нашуд ва солҳои тӯлонӣ ҳамчун бригадир ва мудир хидмат кардааст.
Ин рӯҳияи шикастнопазирӣ ва меҳнатдӯстӣ ба Абдуҳамид Ҷалилов низ гузашта будааст. Ӯ то нафасҳои охирини ҳаёти пурбаракати худ, тӯли зиёда аз 60 сол, пайваста заҳмат кашид, асарҳои илмӣ эҷод кард ва ба ҳазорон шогирдон сабақи одамият ва ватандӯстӣ дод.
Профессор Ҷалилов 13-уми ноябри соли 2014 ин дунёро падруд гуфт ва бо гузашти хеш як холигии бузургеро дар илми таърихи тоҷик ба ҷой гузошт. Ӯро дар оромгоњи Сари Осиёи Душанбе, паҳлӯи ќабри модараш ба хок супориданд.

Ба ҷойи хулоса
Профессор Абдуҳамид Ҷалилов на танҳо саҳифаҳои торик ва норавшани таърихи аҷдодонамонро равшан сохт, балки як мактаби бузурги илмии муаррихонро таъсис дод, ки шогирдони он то ба имрӯз идомадиҳандаи роҳу равиши пурифтихори ӯ мебошанд.
Дар замони муосир, ки масъалаи худшиносии миллӣ ва ҳифзи мероси таърихӣ аҳамияти дучанд касб кардааст, омӯзиш ва шинохти мероси илмии ин донишманди шинохта барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва худогоҳии ҷавонони тоҷик аҳамияти беандоза дорад.
Хотираи неки суғдшинос ва муаррихи барҷастаи тоҷик дар дилу дидаи шогирдон, ҳаводорони илм ва тамоми миллати тоҷик барои ҳамеша зинда ва ҷовид хоҳад монд.
Дар воқеъ, рӯзи 25-уми май, соати 10:00 дар факултети таърихи ДМТ (шаҳраки донишҷӯён) Конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Таърих ва тамаддуни Суғду Тахористони асрҳои миёна”, бахшида ба 100-солагии профессор А. Ҷалилов баргузор мегардад. Дар ин конфронс корномаи профессор Абдуҳамид Ҷалилов аз ҷанбаҳои гуногун хотиррасон хоҳад шуд.







