Тими “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар бозӣ барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанберо шикаст дода, аввалин бор дар таърихи худ сохиби ин ҷоиза шуд.
Набарди дастаҳо шоми 23-юми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд ва бо натиҷаи 2:1 ба нафъи “Регар-ТадАЗ” поён ёфт. Ду голи ин дастаро дар қисми аввали бозӣ, Азизбек Ҳайитов ва Абдураҳмон Нозимов ва ягона голи “Истиқлол”-ро дар қисми дуввум, Муҳаммадҷон Раҳимов заданд.
Абдураҳмон Нозимов, нимҳимоятгар беҳтарин бозигари Суперҷоми футболи Тоҷикистон-2026 эътироф шуд.

Ҳамин тариқ, “Регар-ТадАЗ” таҳти роҳбарии Алишер Тӯхтаев, сармураббӣ бори нахст дар таърихи худ Суперҷомро ба даст овард. Ин бозии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” барои дарёфти Суперҷом буда, дар се вохӯрии аввал дастаи Душанбе дастболо шуда буд: соли 2011 бо ҳисоби 1:0, соли 2012 – 2:1 ва соли 2025 – 5:4 дар зарбаҳои 11-метра (вақти асосӣ – 1:1).
Вохӯрии Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 оғоз гардида, имсол маротибаи 17-ум гузаронида шуд. Дар ин муддат дар мусобиқа 7 даста ширкат варзида, танҳо 4 тим ғолиб шудаанд.
“Истиқлол” 15 маротиба барои дарёфти Суперҷом бозӣ карда, 13 маротиба онро ба даст овардааст (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2024, 2025). “Равшан”-и Кӯлоб ду маротиба (солҳои 2013 ва 2023), “Ҳосилот”-и Фархор 1 маротиба (соли 2017) ва акнун “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турснзода 1 маротиба (соли 2026) ба ин комёбӣ даст ёфтаанд.

Натиҷаҳои бозӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон (солҳои 2010-2026)
2010. “Вахш” — “Истиқлол” — 0:2
2011. “Истиқлол” — “Регар-ТадАЗ” — 1:0
2012. “Истиқлол” — “Регар-ТадАЗ” — 2:1
2013. “Равшан” — “Регар-ТадАЗ” — 2:1
2014. “Равшан” — “Истиқлол” — 0:5
2015. “Истиқлол” — “Хайр” — 2:2 (зарбаҳои 11-метра — 4:3)
2016. “Истиқлол” — “Хуҷанд” — 3:2
2017. “Истиқлол” — “Ҳосилот” — 1:2
2018. “Истиқлол” — “Хуҷанд” — 3:2
2019. “Истиқлол” — “Хуҷанд” — 3:0
2020. “Истиқлол” — “Хуҷанд” — 2:1
2021. “Истиқлол” — “Равшан” — 2:0
2022. “Истиқлол” — “Хуҷанд” — 1:0
2023. “Истиқлол” — “Равшан” — 0:1
2024. “Истиқлол” — “Равшан” — 2:1
2025. “Истиқлол” — “Регар-ТадАЗ” — 1:1 (зарбаҳои 11 -метра — 5:4);
2026. “Истиқлол” — “Регар-ТадАЗ” — 1:2.







