“Қабурғаам месӯзад”. Омӯзгоре, ки мегӯяд, аз сӯйи бародари як хонанда латукӯб шудааст, ҷузъиёти қазияро нақл кард

Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Шаҳноз Ализода, asia+

Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгоре, ки даъво дорад аз сӯи бародари як хонандаи синфи 5 дар ноҳияи Нуробод “лутукӯб шуд”, бори нахуст ҳодисаро ба “Азия-Плюс” нақл кард. Ӯ омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи мактаби №1-и ин ноҳия аст.

Ин ҳодиса 8-уми май рух додааст ва танҳо бо гузашти қариб ду ҳафта, рӯзи 22-юми май расонаӣ ва боиси баҳс дар ҷомеаву хостори муҷозоти муштзӯр дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Бо гузашти қариб се ҳафта аз ҳодиса, рӯзи 25-уми май, Муҳимҷон Раҳмонов бо мо суҳбат ва ҳодисаро нақл кард.

Ӯ тасдиқ кард, ки шаби 8-уми май бародари яке шогирдонаш дар пайи эродгирӣ аз таҳсили хоҳараш ӯро латукӯб ва таҳдиди куштан кардааст.

Омӯзгор мегӯяд, ронандаи худрав замони латукӯб дахолат накардааст, “танҳо дар охир ба Орзуев ҳушдор дод, ки назанӣ бачаи мардумро кушӣ”. Ӯ аз ронанда Бахтовар Саъдуллоев ном бурда, гуфт, “хидматчии давлатӣ аст”.

“Занг зада, гуфтам, ки хоҳарат дарсро ҷавоб намедиҳад, дар журнали синф баҳо надорад. Гуфт, “хоҳари ман? Бегоҳ масъаларо ҳал мекунем”. Баъди дарс хона омадам ва баъд бозор рафтам. Дар роҳи баргашт як рақами ношинос занг зад, гуфтам, “кӣ ҳастӣ”, гуфт “биё мефаҳмӣ”. Мошине омаду нафаре аз дохили он дарро кушоду ҳақорат карда, маро дохили мошин кард. Ин нафар Миралӣ Орзуев, бародари шогирдам буд. Аз параи гӯшам дошт, бо мушт ба камару шикамам зад, нафасам гирифт, мошин ҳаракат кард, беҳуш шудам. Ба худ омадам, ки мӯйи сарамро кашида гуфт, “ҳаминҷо туро кушам, кӣ хабардор мешавад”? Вақти фаровардан аз мошин, боз ду мушти дигар ба шикамам заду ба рӯям туф кард”, – нақл кард омӯзгор.

Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст. Миралӣ Орзуев аз шарҳи қазия ба “Азия-Плюс” худдорӣ кард. Ӯ баъди шунидани номи хабарнигори мо гӯширо хомӯш кард ва дигар ба зангҳои мо посух надод. Ба мо даст надод, ки Бахтовар Саъдуллоевро пайдо кунем.

Аёдати омӯзгор. Акс аз Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод

Вале Радиои Озодӣ аз қавли Миралӣ Орзуев навиштааст, ки “ӯ омӯзгорро назадааст, балки танҳо суҳбат карданд”.

Муҳимҷон Раҳмонов мегӯяд, баъди ҳодиса рӯзи 11-уми май ба Сайидраҳмон Доронов, мудири мактаби №1 ҳодисаро гуфтааст, вале “падари хонанда дар суҳбати телефонӣ бо мудир бори дигар “таҳдид кардааст”.

Ҳамчунин, рӯзи 14-уми май дар мактаб бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия ва мудири шуъбаи маориф ин қазия баррасӣ шудааст.

“Вақти дар назди ҳамаи омӯзгорон қазияро гуфтам, ронандаи мошин ба ман таҳдиди куштан кард. Баъди ин, рӯзи 12-уми май ба Додситонии ноҳияи Нуробод, шуъбаи маориф ва раиси ноҳия ариза пешниҳод кардам. Ҳамчунин, ба Вазорати маориф ва Вазорати корҳои дохилӣ занг зада, қазияро гуфтам. Ҳоло намедонам, мақомот тафтиши қазияро то куҷо пеш бурдаанд. То ҳол моро рӯбарӯ накардаанд. Субҳи имрӯз аз додситонӣ даъват карданд, вале бо сабаби вазъи саломатӣ, рафта натавонистам”, – гуфт омӯзгор Раҳмонов.

“Холисона тафтиш мешавад”

Мустафо Дӯстов, сардори шуъбачаи ВКД дар ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Нуробод рӯзи 25-уми май ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ гуфт, ки муроҷиати омӯзгорро баррасӣ доранд, аммо то ҳол “нисбати Миралӣ Орзуев қарор қабул нашудааст”.

“Дар ҳодиса як шоҳид низ ҳаст, ки ронандаи мошин аст, ӯ низ бозпурсӣ шуд. Ҳамаи мақомот ҳодисаро холисона ва ҳаматарафа санҷиш карда истодаанд”, – гуфт Дӯстов.

Пештар аз ин Додситонии ноҳияи Нуробод гуфта буд, ки қазияро тафтиш мекунад. Кӯшишҳои мо барои даёфти маълумоти бештар аз ин ниҳод бенатиҷа анҷомид.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки “қазия зери назорати вазир аст ва харҷи табобати омӯзгор аз ҳисоби вазорат пурра пардохт мешавад”.

Мактаби №1 ноҳияи Нуробод, акс аз ҷониби омӯзгор пешниҳод шудааст

“Сарам дард мекунад, қабурғаам месӯзад”

Дар ҳамин ҳол, Муҳимҷон Раҳмонов аз осори латукӯб шикоят мекунад. Ӯ гуфт, рӯзҳои аввал дарду сӯзишро эҳсос мекард, вале шаби 15-уми май дар хонааш аз ҳуш рафтааст.

Раҳмонов таъкид кард, ки намояндаи Вазорати маориф ва илм, мудири маорифи ноҳия ва намояндани Иттифоқи касабаи ноҳия ба хабаргириаш рафта, ваъдаи кумак кардаанд.

“Хонаводаам маро ба беморхонаи Шифобахш (маъруф ба “Қарияи боло” дар Душанбе) бурданд. Дар онҷо аз ташхис гузаштам, духтурон гуфтанд, ки дохили сар осеб надидааст, вале аз берун лат хӯрдааст. Гуфтанд, дар хона табобат гирам. Ташхиси тиббӣ низ осеб дидани маро тасдиқ кард. То ҳол беҳбуд наёфтаам. Чашмҳоямро мекушоям, сиёҳӣ мезанад, дилбеҳузурӣ дорам, сарам дард мекунад, қабурғаи тарафи ростам месӯзад”, – гуфт ӯ.

Бояд гуфт, латукӯби омӯзгор дар Нуробод дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд. Корбарон аз мақомот талаб карданд, шахсеро, ки омӯзгорро латукӯб кардааст, ҷазо диҳанд.

Ҷангу даъвои омӯзгору хонанда дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Танҳо дар соли гузашта чор қазияи даъво дар мактабҳо – яке дар шаҳри Леваканд, шаҳри Бохтар ва ду ҳолат дар ноҳияи Ховалинг расонаӣ гашта буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.