Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 майи соли 2026

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку аст.

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 17:00 дар Театри опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ дастаи “Эҳё” балети “Ман кистам?” (“Кто я?”)-ро ба саҳна мегузоранд. Арзиши чипта вобаста ба ҷойи нишаст аз 30 то 50 сомонӣ аст.

– Дар нигористони ҳунарии меҳмонхонаи “Серена Душанбе” намоишгоҳи асарҳои Аҳмад Юсупов, рассоми тоҷик идома дорад. Намоишгоҳ ба хотири гиромидошти хотираи Аҳмад Юсупов баргузор шуда, бо унвони “Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ…” сурат мегирад. Дар он осори эҷодкардаи ин мусаввари тоҷик ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Сокинону меҳмонони кишвар як моҳ, то 29-уми июн имкони боздид аз ин намоишгоҳро доранд. Вуруд озод аст.

Мусаввараи Аҳмад Юсупов

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии осори Суҳроб Қурбонов, арбоби барҷастаи санъати монументалӣ, Рассоми халқии Тоҷикистон аз маҷмуи фонди Осорхона таҳти унвони “Меандешам, пас ҳастам” идома дорад. Он рӯзи 22 май ифтитоҳ гардида, то 5-уми июн давом мекунад. Ин бори нахуст аст, ки дар даврони истиқлол беш аз 30 асари ин рассом аз хазинаи Осорхона ба тамошо гузошта мешаванд. Намоишгоҳ осори тасвирӣ ва монументалии ҳунармандро фаро гирифта, марҳилаҳои асосии фаъолияти чандинсолаи эҷодии ӯро инъикос менамояд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1960 – Корхонаи трансформатории Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба истифода дода шуд. Ин корхона ба истеҳсоли трансформаторҳо, зеристгоҳҳои трансформаторӣ ихтисос дода шуда буд.

Соли 2012 – Вакилони парлумон пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишварро дар бораи бекор кардани моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноӣ, ки ба тӯҳмат ва таҳқир марбут буданд, қабул кард.  Ин тағйирот ҷиноятӣ будани тӯҳмат ва таҳқирро лағв намуда, онҳоро ба сатҳи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ табдил дод.

Соли 2013 – Дар шаҳри Душанбе маҷаллаи чинии “Пули қора” ба табъ расид. Ин аввалин маҷаллаи махсуси Чин буд, ки бо забони тоҷикӣ нашр шуд. Дар маҷалла дар бораи Тоҷикистону Чин ва ҳамкории ин ду давлат маълумот дода мешуд.

Соли 2018 – Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷоизаи махсус барои саҳми арзандааш дар мубориза бо тамокукашӣ тақдим кард. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1930 – Мавлуди Эргаш Рӯзметов, риёзидони тоҷик, номзади илмҳои физика-математика, профессор.

Соли 1955 – Зодрӯзи Маҳмадшариф Нозимов, иқтисоддон ва собиқ вакили парлумон.

Соли 1956 – Мавлуди Бадриддин Мақсудов, адабиётшинос, олим, доктори илми филология, профессор.

Соли 1958 – Зодрӯзи Ғайрат Адҳамов, ходими ҳарбии тоҷик, генерал-лейтенант, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон.

Соли 1974 – Зодрӯзи Файзигул Юсуфӣ, овозхони тоҷик.

Соли 1988 – Турсун Ӯлҷабоев, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, Котиби якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон дар 72-солагӣ оламро падруд гуфт.

Турсун Ӯлҷабоевро яке аз роҳбарони боҷуръат ва пурсамари Тоҷикистон дар аҳди шӯравӣ медонанд. Маҳз дар замони роҳбарии ӯ дар Тоҷикистон, чандин корхонаҳои бузурги кишвар сохта шуд, ки имрӯз низ асоси саноати вазнин ва энерҷии кишвар дониста мешавад.

Ӯ 1-уми майи соли 1916 дар деҳаи Қуруқи шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1935 техникуми омузгорӣ ва соли 1950 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар шаҳри Москва хатм кардааст. Фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) саркарда, сипас ба ҳайси мудири шуъбаи пешоҳангони кумитаи комсомолии ин ноҳия, котиби якуми Кумитаи Марказии ИЛКҶ (комсомоли) Тоҷикистон (1941—1945), котиби якуми кумитаҳои ҳизби коммунисти вилоятҳои Сталинобод, Кӯлоб ва Ленинобод (1950—1954), котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1954—1955), Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1955—1956), Котиби якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон (аз майи соли 1956 то апрели соли 1961) кор кардааст.

Маҳз бо ташаббусу сарварии Турсун Ӯлҷабоев соли 1960 сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак оғоз гардид. Дар пленуми КМ ҲКИШ (апрели соли 1961) ҳамроҳи Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Н. Додхудоев дар “қаллобии мунтазами ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва ҳисоботҳои бардурӯғ пешниҳод кардан дар бораи иҷроиши нақшаҳои пахтасупорӣ ба давлат” муттаҳам ва аз ҳамаи вазифаҳо озод ва аз ҳизби коммунистӣ хориҷ гардид.

Баъдтар ҳамаи иттиҳомот алайҳи ӯ  бекор ва Турсун Улҷабоев сафед карда шуд. Ҳоло Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Улҷабоев гузошта шудааст.

Соли 1993 – Наврӯзшо Қурбонҳусейнов, овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2001 – Зодрӯзи Манучеҳр Сафаров, футболбози тоҷик.

Соли 2002 – Тоҳир Собиров, ҳунарпеша ва коргардони маъруфи синамои тоҷик дар 72-солагӣ аз олам чашм баст.

Тоҳир Собиров дар баробари Борис Кимёгаров яке аз ду боли қавие буд, ки мурғи синамои тоҷикро дар чанд даҳсола дар парвоз медошт.

Мисоли барҷастаи ҳунару истеъдоди коргардонии ӯ дар филмҳои “Марги судхӯр”, “Як шаби дигари Шаҳрзод”, “Афсонаи нави Шаҳрзод”, “Шаби охирини Шаҳрзод” , “Ашк ва шамшер”, силсилафилмҳои “Ҳеҷбудагон” (дар се қисм) ва идомааш “Ҳеҷбудагон ҳама чиз шуданд” ва дигар филмҳояш баръало мунъакисанд.

Ӯ ҳунарпеша, коргардони синамои тоҷик ва филмноманавис буда, замоне Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон низ буд.

Тоҳир Собиров дар филми “Дохунда”–и Кимёгаров худ нақши Дохундаро иҷро кардааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку таҷлил мегардад. Ин рӯз аз соли 1988 ба ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ҷорӣ шудааст. Ҳадафи он ҳифзи наслҳои имрӯза ва оянда аз таъсири харобиовари тамоку ба саломатӣ, муҳити зист, ҷомеа ва иқтисод мебошад.

 

Тибқи маълумоти СҶТ, ҳамасола тақрибан 7 миллион нафар аз истифодаи тамоку фавтида, беш аз 800 ҳазор нафар дар натиҷаи нафаскашии дуди тамокуи дигарон ҷони худро аз даст медиҳанд.

31 майи соли 1942 дар шароити муҳосираи сахти Ленинград дар варзишгоҳи “Динамо” бозии рамзии футбол баргузор гардид. Дар моҳи апрели ҳамон сол нерӯҳои Олмон варақаҳои таблиғотӣ паҳн карда буданд, ки дар онҳо Ленинградро “шаҳри мурдаҳо” хонда, аз ишғолаш худдорӣ мекардаанд.

 

Бо мақсади посух ба ин таблиғот, ду даста – “Динамо” ва тими Заводи металлургии Ленинград бо вуҷуди гуруснагӣ ва заъфи ҷисмонӣ ба бозии 30-дақиқагӣ ворид шуданд. ХХХХХ чанд рӯз?

31 майи соли 1859 соати машҳури Биг-Бен ба кор даромад. Соати Биг-Бен, ки дар бурҷи Шӯрои парлумонии Британия (ҳоло бурҷи Елизавета) ҷойгир аст, бо баландии 96,3 метр ва занги 13-тоннагиаш маъруф буда, имрӯз яке аз рамзҳои Британияи Кабир ба ҳисоб меравад.

31 май соли 1868 дар боғи Сен-Клу, назди шаҳри Париж, аввалин мусобиқаи расмии дучархаронӣ баргузор гардид. Масофаи он 2000 метр буд.

Соли дигар, аввалин мусобиқаи байналмилалӣ дар масофаи дур – аз Париж то Руан (120 км) баргузор шуд. Имрӯз, маъруфтарин мусобиқаи дучархаронӣ дар ҷаҳон Тур де Франс аст, ки аз соли 1903 баргузор мешавад.

Аз соли 2004, 31 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии тӯтӣ таҷлил мешавад. Ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи ин парандаҳои зебо ва зеҳнӣ ҳам дар табиат ва ҳам дар асорат мебошад.

Бунёди ҷаҳонии тӯтиҳо – World Parrot Trust соли 1989 дар боғи “Парадайз” дар Корнуолли Британия таъсис ёфтааст.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии сафедмӯйҳо (блондинкаҳо) аст. Бар асоси баъзе манбаъҳо, ин рӯз аз сӯи як гурӯҳ ҳуқуқшиносони блондинкаи амрикоӣ таъсис ёфтааст, ки худро дар муҳити кории мардона ҷиддӣ қабулнагардида эҳсос мекарданд. Андешаи дигар ин аст, ки баъд аз намоиши филми “Блондинка дар ҳуқуқ” (2001) ин рӯз маъруф гардид.

 

Олимон мегӯянд, ки блондинкаи табиӣ нодир аст ва эҳтимол аст, то соли 2202 комилан аз рӯйи замин нопадид шавад. Дар панҷоҳ соли охир шумораи онҳо аз 49% то 14% коҳиш ёфтааст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 27+32º гарм, дар водиҳо шабона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 25+30º гарм, дар водиҳо шабона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 11+16º гарм, дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 34+36º гарм, шабона 19+21º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 33+35º гарм, шабона 21+23º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 37+39º гарм, шабона 22+24º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 13+15º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 31-уми май ба 1-уми июн ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.