“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рӯзи 1-уми июн дар шаҳри Душанбе мулоқоти масъулини ширкати Wildberries бо соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 намояндаи бахши соҳибкорӣ, ки ба рушди фурӯши онлайн ва баромадан ба бозорҳои нав таваҷҷуҳ доранд, иштирок карданд. Иштирокчиён бо фаъолияти маркетплейс, воситаҳои таблиғу пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуда, инчунин тавонистанд саволҳои худро ба намояндагони ширкат пешниҳод намоянд.

Wildberries рушди тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон идома дода, инфрасохторро васеъ мекунад ва барои соҳибкорони маҳаллӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Маркетплейс соли 2025 ба бозори Тоҷикистон ворид шуд. Дар марҳилаи аввал нуқтаҳои гирифтани фармоишҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ифтитоҳ ёфтанд, хидматрасонии таҳвили молҳо роҳандозӣ шуд ва ташаккули инфрасохтори маҳаллии тиҷорати электронӣ оғоз шуд.

Айни замон бақайдгирӣ барои фурӯшандагон аз Тоҷикистон боз аст. Барои оғози фаъолият дар платформа зарур аст, ки дар портали seller-auth.wildberries.tj сабти ном карда, шакли ташкилӣ (ҶДММ ё соҳибкори инфиродӣ)-ро интихоб, маълумоти ширкатро пур ва 6 сомонӣ ҳаққи иҷозатномаро пардохт кунунд. Пас аз фаъол шудани ҳисоби шахсӣ, ба фурӯшандагон воситаҳои ҷойгиркунии маҳсулот, таҳлил ва пешбурди фурӯш дастрас мешаванд.

Ширкат соҳаи нассоҷиро яке аз самтҳои ояндадори содиротӣ меҳисобад. Аллакай имрӯз маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷик, аз ҷумла дастмолҳои ҳаммомии Arvis, чойҳои хонаи савдои “Бозори Тоҷикистон” ва шириниҳои тоҷикӣ (парварда) тавассути Wildberries дар бозори Русия пешниҳод мешаванд, ки ин аз талаботи баланд ба маҳсулоти саноати сабуки Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Логистикаи самти содиротӣ тавассути маркази ҷудокунии Wildberries дар Душанбе аз рӯи модели FBS (Fulfillment by Seller — таҳвил аз ҷониби фурӯшанда) ташкил карда мешавад. Фурӯшандагон метавонанд маҳсулоти худро мустақилона ба маркази ҷудокунӣ супоранд ва баъдан Wildberries интиқоли минбаъдаи фармоишҳоро тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба нуқтаҳои гирифтани фармоиш дар Русия ва дастрасии онҳоро ба харидорони ниҳоӣ таъмин мекунад.

Ҳамчунин барои фурӯшандагон навъҳои иловагии корӣ – DBS (Delivery by Seller), EDBS (Express Delivery by Seller) ва C&C (Click & Collect) дастрас хоҳанд буд, ки имкон медиҳанд равандҳои фурӯш ва таҳвил вобаста ба имкониятҳои тиҷорат ба таври чандир ташкил карда шаванд.

Дар доираи модели DBS фурӯшанда маҳсулотро мустақилона нигоҳ дошта, таҳвили онро мустақиман ба харидор бо истифода аз захираҳои логистикии худ таъмин мекунад. Модели EDBS таҳвили зудро пешбинӣ мекунад: фурӯшанда маҳсулотро нигоҳ дошта, интиқоли фаврии онро ташкил мекунад ва фармоиш ба шарофати коркарди афзалиятнок дар низоми логистикӣ дар муҳлати кӯтоҳтар ба харидор мерасад. Формати C&C (“фармоиш онлайн ва гирифтани мустақилона”) чунин аст, ки харидор фармоишро дар платформа сабт карда, онро аз нуқтаи интихобшудаи гирифтани фармоиш шахсан дастрас мекунад.

Ин гуногунрангии моделҳо ба соҳибкорон чандирии бештар ва имкониятҳои иловагӣ барои рушд ва тавсеаи фурӯши содиротӣ фароҳам меорад.

Айна Керимова, роҳбари Wildberries дар Тоҷикистон, гуфт: “Соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони тоҷик ҳарчи бештар ба тиҷорати онлайн ва ворид шудан ба бозорҳои нав таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Wildberries дар назар дорад, ки ба соҳибкорони маҳаллӣ дастрасӣ ба аудиторияи чандмиллионнафараи харидорон дар Русия, инчунин воситаҳои оғоз ва рушди фурӯшро пешниҳод кунад. Ба омӯзиши фурӯшандагон, дастгирӣ дар марҳилаи оғози фаъолият ва кӯмак дар масъалаҳои логистика ва пешбурди маҳсулот таваҷҷуҳи махсус дода мешавад”.

Wildberries рушди тиҷорати онлайнро дар Тоҷикистон идома медиҳад, то барои харидорон фармоиш додани маҳсулот осон ва қулай шаваб ва барои соҳибкории маҳаллӣ имкони фурӯш тавассути платформа фароҳам ояд. Маркетплейс тадриҷан шабакаи нуқтаҳои гирифтани фармоишро васеъ карда, логистикаро беҳтар мекунад ва воситаҳои навро барои рушди фурӯш дар ихтиёри фурӯшандагон мегузорад. Яке аз самтҳои асосии фаъолият дастгирии соҳибкорони тоҷик барои ворид шудан ба бозори Русия ва рушди фурӯши онлайн мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.