Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Як шаҳрванди Афғонистон, ки ду сол боз бо оилааш дар шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон зиндагӣ дошт, бо гумони куштори падараш боздошт ва нисбаташ барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) дирӯз, 2-юми июн хабар дод, ки ин ҳодиса тахминан соати 12:00-и рӯзи 1-уми июн дар назди дӯкони фурӯши мева дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат рух додааст.

Ба иттилои расмӣ, Парвиз Давлат Зодаи 25-сола дар бо падараш Соҳибдод Давлат Зодаи 52-сола муноқиша кардааст. Сабаби муноқиша маълум нест. Дар хабарномаи ВКД ҳам ин чиз ишора нашудааст.

“…бо корди бо худ доштааш 1 маротиба ба қафаси сина ва 1 маротиба ба пушти падараш зарба задааст, ки дар натиҷа Давлат Зода Соҳибдод аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – менависад ВКД.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба “Азия-Плюс” гуфт, ки гумонбар аз сӯйи кормандони Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат боздошт ва алайҳаш бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ “одамкушӣ” буда, аз 8 соли зиндон то ҳукми абадро пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи сухангӯи ВКД, ин парвандаро Додситонии шаҳри Ваҳдат тафтиш карда истодааст.

Назари гумонбар дар робита ба ин ҳодиса маълум нест.

Мусаввир Баҳодурӣ, роҳбари Кумитаи паноҳҷӯёни Афғонистон дар Тоҷикистон, субҳи имрӯз ба “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, ки Соҳибдод Давлат Зодаро бегоҳии рӯзи ҳодиса (1-уми июн) ба хок супоридаанд.

Мусаввир Баҳодурӣ, акс аз фейсбуки ӯ

Ба гуфтаи Баҳодурӣ, Парвиз Давлат Зода ҳамроҳи падару модар ва хоҳару бародараш “тахминан 2 сол боз” дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекарданд. Ӯ низ ангезаи кушторро намедонад.

Роҳбари Кумитаи паноҳҷӯёни Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Ваҳдат зиндагии ором доранд.

Ду ҷинояти одамкушӣ дар як моҳи охир

Дар як моҳи охир ин дуюмин паноҳҷӯи афғонистонӣ дар Тоҷикистон аст, ки бо гумони куштор дастгир мешавад. Аз ин пештар, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Раҳмони Муҳаммадумар, шаҳрванди Афғонистонро бо гумони куштори Азиза Воҳидова, сокини маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд боздошт карданд. Ин ҳодиса рӯзи 30-юми апрел рух додааст.

Баъди ин қазия даҳҳо паноҳҷӯи афғонистонӣ, ки дар деҳае дар вилояти Суғд иқомат доштанд, аз макони зисташон “ғайб заданд” ва дертар КДАМ-и Тоҷикистон аз ихроҷи чанде аз онҳо хабар дод.

“Ҷинояти як нафар ба ҳама таъсири манфӣ нарасонад”

Дар пайи ин, Сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мактуб ирсол карда, як бастаи пешниҳодоти 9-бандаро ҷиҳати танзими вазъият пешниҳод кард ва ҳамзамон, хоҳиш кард, ки ҷинояти як нафар ба зиндагонии ҳама паноҳҷӯёни Афғонистон таъсири манфӣ нарасонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.