Мо суҳбатҳои ихтисосии худро бахшида ба 30-солагии Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бо коршиносон идома медиҳем ва ин навбат Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос, собиқ муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбари кунунии Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон андешаи худро дар бораи бурду бохти расонаи мо гуфт.
Ӯ “Азия-Плюс”-ро “писари эркаи Тоҷикистон” ва “беҳтарин китоби таърихи мо” дар оянда хонд.
Ба қавли ӯ “Азия-Плюс” як расонаи воқеан миллӣ шудааст, ки на танҳо тамоми кишвар, балки тамоми дунё мехонад” ва бар пояи матолиби он дар бораи Тоҷикистон андеша мекунанд ва онро иброз медоранд.
Ба андешаи ин сиёсатшинос, яке аз сабабҳое, ки сарфи назар аз буҳрони расонаҳо дар кишвар ва минтақа “Азия-Плюс” рушд кард ва боқӣ монд, ин воқеънигории он аст.
“Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” воқеиятбинии бисёр дақиқ ва аниқ дорад. Аз ин сабаб ҳукумат нисбати ин гуна расонаҳо нияти нек дорад”, – зикр кард Сафаров.
Муфассал дар навори зерин тамошо кунед:







