Дар Душанбе дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Бритониё баррасӣ шуд

Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Бритониё баррасӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи мазкур хабар доданд, дар мулоқот зикр гардидааст, ки бо вуҷуди дурнамои хуби мавҷудаи […]

МавҷудаҲасанова


Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Бритониё баррасӣ шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи мазкур хабар доданд, дар мулоқот зикр гардидааст, ки бо вуҷуди дурнамои хуби мавҷудаи густариши ҳамкориҳо, имконоти мавҷуда ба қадри кофӣ истифода бурда намешавад. «Ҷонибҳо роҳандозии ҳамкориҳоро дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак, баргузории намоишгоҳҳо, ҳамоишҳои тиҷоратӣ ва ғайра таъкид сохтанд», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои сарчашма, дар ҷараёни мулоқот сафири Бритониё ба имконоти роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши гидроэнергетика ва саноати кӯҳкорӣ таваҷҷӯҳ зоҳир сохтааст. «Бо назардошти сатҳи баланди таълиму донишандӯзӣ дар Бритониё, ҳамчунин масъалаи тайёр кардани кадрҳо барои Тоҷикистон дар ин кишвар низ муҳокима шуданд», – афзуд сарчашма.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.