Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмаии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи намоишгоҳи нахустини «Рушди иқтисодии Афғонистон» баргузор шуд.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони намоишгоҳро қироат кард. Дар навбати худ, вазири молияи Афғонистон Умар Заҳирвол паёми президенти Афғонистон Ҳомид Карзайро низ ба иштирокдорони намоишгоҳ расонид. Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳи нахустини Афғонистон зиёда аз 120 ширкат бо ҳайати ҳудуди 300 намояндагон ширкат мекунанд. Номбурда тайи солҳои ахир 2,5 маротиба зиёд шудани муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Афғонистонро ҳамчун падидаи мусбат арзёбӣ кард.
Дар намоишгоҳ қолинҳо, маҳсулоти мавриди истифодаи умум, маснӯъоти заргарӣ ва маҳсулоти кишоварзии ширкатҳои шаҳри Кобул, вилоятҳои Балх, Қундуз, Қандаҳор, Ҳирот, Ҷалолобод ва Бомиён пешкаши мардум хоҳанд гардид. Дар чаҳорчӯбаи баргузории чорабиниҳои намоишгоҳ вохӯриву гуфтушуниди соҳибкорону сармоягузорон баргузор мешавад
Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» соҳибкор аз шаҳри Кобул Аҳмади Одил изҳор дошт, ки ин сафари нахустинаш ба Тоҷикистон аст ва изҳори умедворӣ кард, ки ҷиҳати ба Тоҷикистон ворид сохтани маҳсулоти кишоварзӣ ба бастани қарордод муваффақ мешавад.


