Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро изҳор дошт, соли 2010 бонк ба Тоҷикистон ба маблағи 74 млн. $ бурс ҷудо мекунад. «Айни замон намояндагии бонк дар ҳамдастӣ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва молияи ҷумҳурӣ масъалаи ба кадом мақсад истифода бурдани ин маблағ дар Тоҷикистонро мавриди ҳаллу фасл қарор доданд ва интизор меравад, ки он асосан ба рушди бахши энергетика ва нақлиёт равона хоҳад шуд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Макото Оҷиро, соли ҷорӣ бонк барои Тоҷикистон ду лоиҳаи бурсӣ ба маблағи 60 млн. доллари ИМА-ро маъқул шуморид, ки 20 миллиони он баҳри таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва 40 миллионаш ба татбиқи барномаи дастгирии рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ ва амалисозии барномаҳои муҳим дар бахши иҷтимоӣ масраф мегардад.
Дар мавриди таъсири бӯҳрони молӣ дар Тоҷикистон номбурда гуфт, «алҳол наметавон гуфт, ки он ба нуқтаи ниҳоии худ расидааст, вале тибқи маълумоти расмии оморӣ, ки аз рушди иқтисод гувоҳӣ медиҳанд, метавон баён дошт, ки вазъ каму беш устувор аст, аммо алҳол бо ин набояд осуда шуд».


