Велосипедронони шведу фаронсавӣ баҳри кӯмак ба ҷавонони тоҷик ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои фоидаовар 16 ҳазор км масофаро тай мекунанд

Date:



           

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ду шаҳрванди аврупоӣ аз шаҳри Осло то Пекин масофаи баробар бо 16 ҳазор километрро бо велосипед тай мекунанд, то ки ба ҷавонони Тоҷикистон баҳри татбиқи лоиҳаҳои фоидаи устувордошта кӯмак намоянд. Шаҳрвандони Шветсияву Фаронса – Рикард Салевик ва Жан Фредерик баҳри амалисозии лоиҳаҳо оид ба ташкили давраҳои омӯзишии касби дӯзандагӣ ва қаннодӣ барои занон аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Ваҳдат ва рушди занбӯриасалпарварӣ дар ҷамоати Сохчарви ВМКБ ёрӣ хоҳанд расонд. Лоиҳаҳо тавассути Фонди «Авруосиёи Осиёи Марказӣ» (ФЕСА) маблағгузорӣ карда мешаванд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз фонди мазкур иттилоъ доданд, велосипедронон баҳри амалисозии лоиҳаҳо аллакай 17 ҳазор доллари амрикоӣ ҷамъоварӣ кардаанд. «Дар ҷамъоварии маблағи мазкур саҳми ширкати фаронсавии «La fibre textile» назаррас буда, ба он ҳамчунин маблағҳои сарпарастони дигари велосипедронон ва маблағи хайрияи шаҳрвандони кишварҳои мавриди убур қароргирифта низ дохил мешавад», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, велосипедронон моҳи март аз шаҳри Осло ба сафар баромада, қаламрави кишварҳои аврупоӣ, Туркия, Арманистон, Эрон ва Туркманистонро убур намудаанд ва айни замон дар Ӯзбакистон қарор дошта, рӯзи 8-уми август ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд. «Рӯзи 10-уми август онҳо ба Душанбе омада, сипас ба ноҳияҳои Ваҳдату Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор мегарданд», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...