Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон тавассути фурудгоҳи шаҳри Душанбе 25 дарсад коҳиш ёфт

Date:



           

Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ парвози тайёраҳо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби 18 ширкати ҳавопаймоӣ ба иҷро расонида шуд, ки 10-тои он ширкатҳои кишварҳои хориҷи наздик, 5-тоаш – ширкатҳои кишварҳои хориҷи дур ва 3-тоаш ширкатҳои ватанӣ – «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» мебошанд.





           

Ба гуфтаи муовини сарвари кулли КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов, даромади умумии ширкат дар ин давра қариб 47 млн. сомониро ташкил дода, аз фурудгоҳи пойтахт зиёда аз 224 ҳазор нафар шаҳрвандон ба сафар баромадаанд ва шумори мусофирони ба шаҳри Душанбе воридшуда дар зарфи шаш моҳ ҳудуди 194 ҳазор нафар аст. «Ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон тавассути фурудгоҳи шаҳри Душанбе нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 25 дарсад коҳиш ёфт», – гуфт вай.




           

Номбурда афзуд, ҳаҷми умумии хизматгузории бору маҳсулот ва почта дар ин муддат беш аз 1130,3 тоннаро ташкил додааст. «Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон тавассути фурудгоҳ 178 ҷасади фавтидагон оварда шуда, 9 ҷасади фавтида ба хориҷи кишвар интиқол дода шуд», – баён дошт А.Иброҳимов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...