Русия ба толибилмони тоҷик 25 ҳазор нусха китобҳои омӯзиши забон ва адабиёти рус мефиристад

Date:



           

Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – То ахири соли ҷорӣ Русия ба толибилмони тоҷик 25 ҳазор нусха китобҳои омӯзиши забон ва адабиёти рус мефиристад.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ методистони Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург китобҳои дарсии забону адабиёти рус барои синфҳои 5, 10 ва 11-и мактабҳои русзабонро бо назардошти вазъу шароити Тоҷикистон омода сохтаанд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, зимни таҳияи китобҳои дарсӣ хусусиятҳои миллӣ ба эътибор гирифта шуда, онҳо дар асоси муқоисаи забони модарӣ ва русӣ таҳия гардидаанд. «Чунин китобҳои дарсии омӯзиши забону адабиёти рус бо назардошти хусусиятҳои миллӣ барои толибилмони Қазоқистону Молдова низ омода гардида, таҳияи чунин китоб барои кӯдакони Туркманистон низ пешбинӣ шудааст», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...