Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Ставрополи Русия таҳти унвони «Согдиана» созмони ҷамъиятии тоҷикистониён таъсис дода шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, айни замон дар қаламрави ин вилояти Русия беш аз 12 ҳазор шаҳрвандони тоҷик маскун буда, аксари онҳо дар бахшҳои сохтмон, кишоварзӣ, савдо, корхонаҳои хӯроки умумӣ ва хизматгузории маишӣ машғули коранд. «Бахусус фаъолияти тоҷикистониён дар бахши кишоварзӣ назаррас буда, сол то сол шумори фермерони тоҷик дар ин минтақа меафзояд», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, майдони замини хоҷагии фермерии чанде аз ҳамдиёрони мо ба садҳо гектар баробар буда, саршумори чорвои гӯсфанди ҳисории онҳо аз 40 то 60 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
Далелҳои мазкур гувоҳи онанд, ки ҳамдиёрони мо бо меҳнатдӯстиву эҳтиром гузоштан ба расму оинҳои мардуми маҳаллӣ миёни аҳолии таҳҷоӣ обрӯву эътибор пайдо кардаанд.


