IFC ба баробарҳуқуқии гендерӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон мусоидат мекунад

Date:



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маҳбуба» дар доираи лоиҳаи Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) оид ба беҳбуди сатҳи дастрасӣ ба маблағгузории фермерони пахтакор

 

дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон (


STCLP


) барои 39 нафар занони минтақаи ҷануби Тоҷикистон (ноҳияҳои Кӯлоб, Вахш, Ёвон, Бохтар, Восеъ, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Румӣ), ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ машғули коранд, тренинги якрӯза доир сохт.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари кории дар Душанбе воқеъбудаи


IFC


иттилоъ доданд, дар ҷараёни тренинг коршиносони корпоратсия ба занон оид ба масоили фароҳам сохтани шароити нигоҳубини кӯдакон дар саҳро, қобилияти расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, тарзҳои риояи талаботи санитариву гигиенӣ ва барои саломатӣ бехатар нигоҳ доштани маводи ғизоӣ бо хароҷоти ночиз машғулиятҳо гузарониданд. «Тарзу усулҳое, ки мо пешниҳод мекунем, хароҷоти зиёд талаб намекунанд ва истифодаи онҳо ба сатҳи зиндагии ҳазорон оила беҳбудӣ хоҳад бахшид», – изҳор дошт коршинос оид ба масоили гендерии лоиҳа Муҳайё Носирова.




           

Тренери иттиҳодияи ҷамъиятии «Маҳбуба» Қурбонгул Зубайдова, ба занон тарзҳои дифоъ аз ҳуқуқи худ натанҳо нисбат ба зӯроварӣ дар оила, балки дар ҷойи корро низ муфассал шарҳ дод.




           

Тибқи маълумоти


IFC


, бинобар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардани аксари мардон, айни замон аз 70 то 90дарсади қувваи кории боқимонда дар Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва аксари занон аз дониши кофӣ дар масъалаи риояи талаботи гигиенаву санитария ва баробарҳуқуқии гендерӣ бархӯрдор нестанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related