Сафари сарони кишварҳои Покистон, Афғонистон ва Русия ба Душанбе

            Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 28-30-юми июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия доир мегарданд.             Пагоҳ, 28-уми июл президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сафари серӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон мегардад.             Бино ба гуфтаи роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев, субҳи […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 28-30-юми июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия доир мегарданд.





           

Пагоҳ, 28-уми июл президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сафари серӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон мегардад.




           

Бино ба гуфтаи роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев, субҳи рӯзи 29-уми июл нахуст мулоқоти як ба яки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ доир гардида, сипас гуфтушуниди ҳайати васеъи кишварҳо баргузор мешавад. «Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои як қатор асноди ҳамкорӣ, аз ҷумла изҳороти муштарак дар бораи таҳкими муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Покистон дар назар аст», – гуфт ӯ.




           

Д.Назриев изҳор дошт, ки нимаи дуввуми рӯзи 29-уми июл президенти Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, худи ҳамон рӯз бо сарвари давлати Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.




           

Мувофиқи маълумоти ВКХ ҶТ, ташрифи президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон дар нимаи дуввуми рӯзи 30-юми июл пешбинӣ шудааст. Шоми ҳамон рӯз Д.Медведев бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, рӯзи 31-уми июл иштироки ӯ дар маросими ба истифода додани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба нақша гирифта шудааст.




           

Д.Назриев афзуд, нимаи аввали рӯзи 30-юми июл вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доир гардида, дар нимаи дуввуми рӯз ба мулоқот президенти Русия низ ҳамроҳ хоҳад шуд.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.