Кормандони АНМН зимни убури марз шаҳрванди Афғонистонро бо маводи мухаддир боздошт карданд

Date:



           

Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 18-уми июли соли ҷорӣ кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар ВМКБ зимни убури марз шаҳрванди Афғонистонро бо маводи мухаддир боздошт карданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар наздикии деҳаи Наводак, дар соҳили рӯдхонаи Панҷ шаҳрванди Афғонистон Искандар валади Шозиё боздошт гардида, ҳангоми азаназаргузаронии қаиқи худсохти ӯ 18 килову


400 грамм

маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.



«Феълан шаҳрванди боздоштшудаи кишвари ҳамсоя дар боздоштгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳдорӣ шуда, ҷиҳати муайян сохтани шахсони дигаре, ки ба ин кор даст доранд, чораҳои фавриву ҷустуҷӯи андешида мешаванд», – афзуд сарчашма.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...