Дар Дарвоз бар асари ба дарёи Панҷ сарозер рафтани мошини зиреҳпӯши вазорати мудофиа ронанда фавтид

Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари садама дар мавзеи Куфоби ноҳияи Дарвоз афсари Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Тавре навбатдори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Дарвоз Идибек Ватанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 26-уми январ мошини зиреҳпӯши вазорати мудофиа, ки қатори мошинҳои низомиро ҳамроҳӣ мекард, ба дарёи Панҷ сарозер рафт. «Дар натиҷа ронандаи […]

Виктория Наумова


Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари садама дар мавзеи Куфоби ноҳияи Дарвоз афсари Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ҳалокат расид.




Тавре навбатдори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Дарвоз Идибек Ватанов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 26-уми январ мошини зиреҳпӯши вазорати мудофиа, ки қатори мошинҳои низомиро ҳамроҳӣ мекард, ба дарёи Панҷ сарозер рафт. «Дар натиҷа ронандаи мошини зиреҳпӯш ба ҳалокат расида,

ҷасади


лейтенанти калони вазорати дифои кишвар – Улуғбек Ғоибов ҳанӯз пайдо нашудааст

», – гуфт манбаъ.



Ба гуфтаи додситони низомии гарнизони Хоруғ Фармон Шарипов, ҷиҳати ошкор сохтани ҷузъиёти рух додани садама ба ҷои ҳодиса муфаттиш сафарбар гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.