Дар Тавилдара Мирзо Зиёев кушта шуд

            Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи иттилои дақиқи расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, собиқ вазири ВҲФ ва МГ ҶТ Мирзо Зиёев чанде пештар дар ноҳияи Тавилдара дар натиҷаи аз ҷониби ҳаммаслакони худ – гурӯҳи ҷиноятпешаи Неъмат Азизов ҳадафи тирпарронии шадид қарор гирифтанаш […]

Азия-Плюс



           

Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи иттилои дақиқи расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, собиқ вазири ВҲФ ва МГ ҶТ Мирзо Зиёев чанде пештар дар ноҳияи Тавилдара дар натиҷаи аз ҷониби ҳаммаслакони худ – гурӯҳи ҷиноятпешаи Неъмат Азизов ҳадафи тирпарронии шадид қарор гирифтанаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.





           

Бино ба иттилои манбаъ, баъди ба ҳукуматдорон таслим шудани М.Зиёев, тасмим гирифта шуд, ки ӯро ба Душанбе интиқол медиҳанд, аммо тибқи нишондоди ӯ, зарур омад, дар ҷойи ҳодиса корҳои фаврии тафтишотӣ гузаронида шаванд. «Мирзо Зиёев макони нигаҳдории силоҳи оташфишонро нишон доданӣ шуда, аз ҷонибдорони ҳанӯз дар озодӣ қарордоштаи худ даъват ба амал оварданӣ буд, ки ба ҳукуматдорон таслим шаванд. Ба макони муайяншуда ҳозир гардида, Мирзо Зиёев ҳадафи тирпарронии шадиди ҳаммаслакони худ қарор гирифта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки як зумра кормандони мқомоти қудратии ҷумҳурӣ низ ҷароҳат бардоштанд. «Ҳамин тариқ, ба шаҳри Душанбе танҳо якчанд тарафдорони Мирзо Зиёев оварда шуданд», – афзуд сарчашма.


 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.