Мирзо Зиёев ба ҳукуматдорон таслим шуд

            Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Тавилдара зимни баргузории амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукумат, собиқ фармондеҳи нерӯҳои муттаҳидаи мухолифини тоҷик, собиқ вазири ВҲФ ва МГ ҶТ Мирзо Зиёв, ки бо лақаби Мирзо Ҷага маъруф аст, боздошт шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз як мақомти қудратӣ иттилоъ доданд, ҳамроҳи ӯ боз […]

Азия-Плюс



           

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Тавилдара зимни баргузории амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукумат, собиқ фармондеҳи нерӯҳои муттаҳидаи мухолифини тоҷик, собиқ вазири ВҲФ ва МГ ҶТ Мирзо Зиёв, ки бо лақаби Мирзо Ҷага маъруф аст, боздошт шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз як мақомти қудратӣ иттилоъ доданд, ҳамроҳи ӯ боз 5 нафар ҳаммаслаконаш низ боздошт шуданд.




           

Ба иттилои манбаъ, шоми рӯзи 8-уми июл ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона се нафар узви ин гурӯҳ ба ҳалокат расида, як нафари дигар бо номи Қиёмуддин ҷароҳат бардоштааст, вале пас аз гузашти ду рӯз ӯ низ фавтидааст. «Баъдтар маълум шуд, ки гурӯҳи ҷиноятпешаро сокини маҳаллӣ – Неъмат Азизов, ки қаблан корманди яке аз воҳидҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда буд, созмон дода, маҳз аз ҷониби ин гурӯҳ аввали моҳи июн бо истифода аз силоҳи оташфишон афсари Вазорати мудофиаи ҶТ ба қатл расонида шудааст», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки далелҳои зимни тафтишот ҷамъоварда кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ҷустуҷӯи маҳз ҳамин гурӯҳ водор сохтаанд, аммо зимни задухӯрди мусаллаҳона ба онҳо муяссар шудааст, ки ба мавзеи Чилдара паноҳ баранд. «Узви гурӯҳи ҷиноятпеша баҳри кӯмак ба Мирзо Зиёев муроҷиат мекунанд ва ӯ розӣ шуда, дар ҳамроҳӣ бо онҳо бинои ҳукумат ва шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Тавилдараро ғасб карданӣ мешавад», – гуфт сарчашма.




           

Манбаъ афзуд, нерӯҳои ҳукумат рӯзи 9-уми июл амалиёти дар ҳалқа гирифтани гурӯҳро оғоз намуда, дар натиҷа рӯзи 10-уми июл М.Зиёев ва 5 нафар ҳамммаслакони ӯро боздошт кардаанд. «Айни замон ҷустуҷӯи аъзои дигари гурӯҳи ҷиноятпеша идома дошта, масъалаи ба Душанбе интиқол додани М.Зиёев ҳал мегардад», – афзуд манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.