Дар Душанбе Маркази таблиғотиву маърифатии зиддикоррупсионӣ ифтитоҳ мегардад

            Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии Созмони ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Маркази таблиғотиву маърифатии зиддикоррупсионӣ» баргузор мешавад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муасссиси созмони мазкур, ҳуқуқшинос Алиакбар Абдуллоев иттилоъ дод, ба маросими муаррифинома кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, вакилони парлумон, роҳбарони мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони корпусҳои дипломатии […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии Созмони ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Маркази таблиғотиву маърифатии зиддикоррупсионӣ» баргузор мешавад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муасссиси созмони мазкур, ҳуқуқшинос Алиакбар Абдуллоев иттилоъ дод, ба маросими муаррифинома кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, вакилони парлумон, роҳбарони мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват шудаанд.




           

Ба гуфтаи А.Абдуллоев, Маркази таблиғотиву маърифатии зиддикоррупсионӣ – ташкилоти ғайритиҷоратии ҷамъиятӣ буда, дар асоси ихтиёрӣ таъсис дода шудааст. «Ҳадаф аз таъсиси марказ – мусоидат ба ошкор сохтани ҳодисаҳои коррупсионӣ ва сӯиистифода аз мансаб дар сохторҳои давлатӣ ва дигар муассисаву ташкилотҳои ғайридавлатӣ мебошад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда афзуд, фаъолияти марказ ҳамчунин ба дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ низ нигаронида хоҳад шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.