Созмони байнулмилалии меҳнат Қарордоди глобалӣ дар бораи ташкили ҷойҳои кориро қабул кард

Date:



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар партави афзоиши давомноки мизони бекорӣ, муфлисшавии корхонаву ташкилотҳо Созмони байнулмилалии меҳнат рӯзи 19-уми июн Қарордоди глобалӣ дар бораи ташкили ҷойҳои кориро қабул кард.





           

Дар иттилоияи созмон гуфта мешавад, Қарордод роҳу воситаҳои сиёсати миллӣ ва байнулмилалиро дар самти солимгардонии иқтисод, фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ ва таъмини ҳифзи меҳнаткашон ва оилаҳои онҳо муайян месозад. «Қарордоди мазкур воситаҳо ва чораҳои сиёсиеро, ки дар таҷриба санҷида шуда, аз ҷониби ҳамаи аъзои СБМ маъқул шуморида шудаанд, нишон медиҳад», – омадааст дар иттилоияи созмон.




           

Тибқи маълумоти СБМ, агар солимгардии иқтисод соли равон ё оянда шурӯъ гардад ҳам, бӯҳрони глобалии таъмини шуғли аҳолӣ боз тайи 6-8 соли минбаъда низ идома хоҳад ёфт. «Ҳамасола ба бозори ҷаҳонии меҳнат 45 млн. нафар коргарони нав мебароянд, ки қисми асосии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва барои расидан ба сатҳи пеш аз бӯҳронии мизони бекорӣ зарур аст, дар панҷ соли минбаъда 300 млн. ҷойи нави корӣ ташкил гардад», – гуфта мешавад дар иттилоия.




           

Дар Қарордоди глобалӣ як қатор чораҳои раҳоӣ аз бӯхрон пешниҳод мегардад, ки ҳар як кишвар метавонад онро ба талабот ва махсусиятҳои мавҷуда мутобиқ гардонад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...