Додситони кулли ҷумҳурӣ хабари бархе аз расонаҳои хориҷӣ дар бораи ҳаноми боздошт кушта шудани М.Солеҳовро бепоя хонд

Душанбе. 20-уми июн – Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Муҳаммадназар Солеҳов, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон худкушӣ кардааст. Бобоҷон Бобохонов зимни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе хабари бархе аз расонаҳои хориҷиро, ки Солеҳов ҳангоми боздошт кушта шудааст, бепоя хонд. Додситони кулли Тоҷикистон ахбор дар расонаҳои хориҷӣ дар мавриди сурат гирифтан тирпаронӣ дар хонаи М. Солеҳов, […]

root


Душанбе. 20-уми июн – Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Муҳаммадназар Солеҳов, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон худкушӣ кардааст.




Бобоҷон Бобохонов зимни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе хабари бархе аз расонаҳои хориҷиро, ки Солеҳов ҳангоми боздошт кушта шудааст, бепоя хонд.



Додситони кулли Тоҷикистон ахбор дар расонаҳои хориҷӣ дар мавриди сурат гирифтан тирпаронӣ дар хонаи М. Солеҳов, вазири собиқи дохилаи Тоҷикистонро ва ҳамчунин шаҳодати ҳамсар ва фарзанди марҳум дар бораи кушта шудани ӯ аз сӯйи афроди маъмури ҳукуматро такзиб кард.



Қаблан ҳамсар ва фарзанди М. Солеҳов ба расонаҳо гуфта буданд, ки падари хонадони онҳо аз сӯйи гурӯҳи маъмур ба ҳангоми боздошт кушта шудааст.



Дар идомаи нишасти матбуотӣ додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов, расонаҳои дохиливу хориҷии Тоҷикистонро ба воқеӣ баррасӣ кардани ин қазия даъват кард ва афзуд, ин ахбор обрӯйи Тоҷикистонро дар сатҳи байнулмилал халалдор мекунанд. Дар ин бора бахши тоҷикии сомонаи интернетии радиои Озодӣ хабар медиҳад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.