Ҷасади М.Солеҳов дар зодгоҳаш – Сарбанд ба хок супурда хоҳад шуд

Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Маросими дафни собиқ вазири умури дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов, ки шоми дирӯз даст ба худкушӣ зад, дар зодгоҳаш – Сарбанд ба хок супурда хоҳад шуд. Соати 4-и субҳи имрӯз ҷасади ӯро ба Сарбанд бурданд. Ёдрас мекунем, ки М.Солеҳов ба ҳайси вазири умури дохилии ҶТ ду сол фаъолият карда, моҳи […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Маросими дафни собиқ вазири умури дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов, ки шоми дирӯз даст ба худкушӣ зад, дар зодгоҳаш – Сарбанд ба хок супурда хоҳад шуд. Соати 4-и субҳи имрӯз ҷасади ӯро ба Сарбанд бурданд.




Ёдрас мекунем, ки М.Солеҳов ба ҳайси вазири умури дохилии ҶТ ду сол фаъолият карда, моҳи январи соли 2009 аз мансаб сабукдӯш гардида буд. Қобили зикр аст, ки чанд рӯзи ахир дар додгоҳи шаҳри Душанбе баргузории мурофиаи додгоҳии бародари собиқ вазир – Тағойназар Солеҳов идома дорад. Т.Солеҳов дар куштор ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ гунаҳкор дониста мешавад.



Муҳаммадназар Солеҳов тӯли чандин сол дар мақомоти додситони кулли Тоҷикистон, раиси Додгоҳи қонуни асосӣ, муовини вазири корҳои дохилӣ, вазири умури дохилӣ ва ду навбат раҳбари дастгоҳи иҷрояи президенти тоҷикистон ифои вазифа намудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.