М.Убайдуллоев фаъолияти сохторҳои ширкати «Барқи тоҷик»-ро мавриди интиқоди шадид қарор дод

Date:


Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласа доир гардида, дар он аз фаъолияти хоҷагидории шаҳр дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар ҷаласа зикр гардид, ки дар давраи ҳиоботӣ дар пойтахт панҷ корхонаи саноатӣ мариди истифода қарор гирифта, ҳаҷми сабади истеъмолӣ ба миқдори 6,1 млн сомонӣ (12,4 фоиз) зиёд шуд. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмон 114,4 млн. сомониро ташкил дода, 34 млн. сомонии он сармоягузориҳои хориҷӣ мебошанд. Қисми даромади буҷаи шаҳр ба андозаи 111,1 фоиз иҷро шуда 263,3 млн. сомониро ташкил дод.


Ҳ


аҷми ҳиссаи пойтахт дар даромади буҷаи кишвар зиёда аз 40 дарсадро ташкил медиҳад. Гардиши мол 393 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,6 дарсад бештар аст.



Ба гуфтаи сухангӯи раиси пойтахт, М.Убайдуллоев фаъолияти сохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» дар пойтахтро мавриди интиқоди шадид қарор дод. Зикр гардид, ки корҳои насби трансформаторҳои иловагӣ, таъмир ва иваз намудани онҳо, иваз кардани такягоҳҳои хатҳои шабакаи барқ то имрӯз ҳамагӣ дар ҳаҷми 8-10 фоиз ба иҷро расида, талафоти беасоси нерӯи барқ дар шаҳр зиёд мешавад.



Ш.Саидов афзуд, барои ғайриқаноатбахш иҷро намудани вазифаи худ мудири шӯъбаи қабули арзу шикояти шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр Ҷамшед Кабиров аз мансаб сабукдӯш гардид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...