Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Даври навбатии гуфтушунидҳо сари мавзӯи тронзити нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбакистон рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Дар ин бора имрӯз дар як нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати кишвар – Пулод Муҳиддинов хабар дод.
Барои ширкат дар ин музокирот, комиссияи давлатӣ ба раҳбарии муовини нахуствазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ташкил мешавад, ки худи ҳамин ҳафта озими Тошканд хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Муҳиддинов, Ӯзбакистон аз мувофиқаҳои хосилшуда сарфи назар карда, тронзити нерӯи барқро
тавассути қаламрави худ манъ кардааст. «Мақомоти ӯзбак сабаби қатъи интиқоли барқро ба вуқӯъи садама дар зеристгоҳи барқии «Қарокӯл»-и ин кишвар марбут донистанд, вале ба пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати боздид аз ин зеристгоҳ ва ба қадри имкон кӯмак намудан дар барқарорсозии он ҷавоби рад доданд», – гуфт Мухиддинов.
Муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар бахши энергетика аз Ӯзбакистон қарздор нест, баръакс «Ӯзбекэнерго» аз мо 4 миллион доллар қарздор аст. «Масъалаи пардохти ин қарз низ дар гуфтушунидҳои Тошканд баррасӣ хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



