Дар Хуҷанд мурофиаи додгоҳии сардабири газетаи мустақили ӯзбекзабони «Тонг» шурӯъ шуд

Хуҷанд. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи сардабир ва сармуҳосиби рӯзномаи ӯзбекзабони «Тонг» ва яксоҳибкор оғоз гардид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи ин мурофиа додгоҳӣ, судя Исмоил Раҳматов иттилоъ дод, сардабири рӯзнома Пӯлод Умаров, сармуҳосиб Сурайё Умарова ва соҳибкор Дадо Қосимов ба тақаллубкории аснод ва азхуд кардани маблағи […]

Мавлуда Рафиева


Хуҷанд. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи сардабир ва сармуҳосиби рӯзномаи ӯзбекзабони «Тонг» ва яксоҳибкор оғоз гардид.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи ин мурофиа додгоҳӣ, судя Исмоил Раҳматов иттилоъ дод, сардабири рӯзнома Пӯлод Умаров, сармуҳосиб Сурайё Умарова ва соҳибкор Дадо Қосимов ба тақаллубкории аснод ва азхуд кардани маблағи аз ҷониби ташкилоти хориҷӣ ҷудогардида гумонбар дониста мешаванд. «Парвандаи ҷиноӣ дар асоси аризаи муассиси рӯзнома Мақсуд Худойбердиев боз шуда, номбурда дар аризааш оид ба тавассути сохтакори аснод аз ҷониби номбурдагон азхуд кардани 44075,50 сомонӣ хабар дода буд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи И.Раҳматов маблағи мазкурро ба сифати кӯмаки бебозгашт ҷиҳати рушди фаъолияти рӯзнома Бунёди байнулмилалии ИМА «National Endowment For Democracy» (NED) ба суратҳисоби рӯзнома гузаронидааст.

 


 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.