Вазорати молия баҳри таъмини хоҷагиҳои пахтакор бо воситаҳои қарзӣ дар мавсими имсола ба шаш бонки кишвар 103 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард

Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон баҳри таъмини хоҷагиҳои пахтакори кишвар бо воситаҳои қарзӣ, Вазорати молияи ҶТ бо шаш бонки кишвар ба маблағи умумии 165 млн. сомонӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расонид. Ёдовар мешавем, соли ҷорӣ ҳукумат барои бо қарз таъмин сохтани хоҷагиҳои пахтакор аз буҷа ихтисос додани 180 млн. сомониро пешбинӣ кардааст. […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон баҳри таъмини хоҷагиҳои пахтакори кишвар бо воситаҳои қарзӣ, Вазорати молияи ҶТ бо шаш бонки кишвар ба маблағи умумии 165 млн. сомонӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расонид. Ёдовар мешавем, соли ҷорӣ ҳукумат барои бо қарз таъмин сохтани хоҷагиҳои пахтакор аз буҷа ихтисос додани 180 млн. сомониро пешбинӣ кардааст.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев иттилоъ дод, бо ин мақсад то имрӯз ба бонкҳо 103 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. «Ҳамин тариқ, аз 50 млн. сомонии пешбинишуда ба «Ориёнбонк»– 40 млн.; аз 35 млн. сомонӣ ба «Амонатбонк» – 14 млн.; аз 10 млн. сомонӣ ба «Бонки рушди Тоҷикистон» – 10 млн. сомонӣ; аз 10 млн. ба «Тоҷиксодиротбонк» – 7 млн. сомонӣ; аз 50 млн. ба «Агроинвестбонк» – 25 млн. сомонӣ ва аз 10 млн. ба «Тоҷпромбонк» – 7 млн. сомонӣ маблағ ихтисос дода шуд», – гуфт ӯ.



Ба гуфти Ҷ.Нуралиев, маблағи боқимонда моҳҳои май-июн ва август-сентябр тибқи бандҳои созишнома ва дархости бонкҳо дар мӯҳлатҳои муайян ҷудо карда мешаванд. Муовини вазири молия таъкид сохт, ки бонкҳо бо салоҳдиди худ ва бидуни дахолати мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ маблағи қарзро ба хоҷагиҳое хоҳанд дод, ки минбаъд аз ӯҳдаи пардохти он баромада тавонанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.