Эмомалӣ Раҳмон ва муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон,   Раиси Созмони миллии ҷавонони ин кишвар Ҳоҷӣ Алии Акбариро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд. Сарвари давлат изҳори боварӣ намуд, ки ташрифи Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ ба Тоҷикистон ба раванди ҷустуҷӯ […]

root


Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон,

 

Раиси Созмони миллии ҷавонони ин кишвар Ҳоҷӣ Алии Акбариро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.



Сарвари давлат изҳори боварӣ намуд, ки ташрифи Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ ба Тоҷикистон ба раванди ҷустуҷӯ ва дарёфти ҷанбаҳои нави ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари бародар такон мебахшад ва таъкид намуд: «мо ин равандро амри зарурӣ мешуморем, зеро Эрон табиатан шарики стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад».



Ҷонибҳо аз рафти шарикии стратегии ду кишвар дар соҳаи нақбсозӣ ва бунёди нерӯгоҳи обии Сангтӯда – иҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон арзи боварӣ ба он карданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот, соҳибкорӣ, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ ва дар дигар самтҳои дорои имкону захираҳои фаровон низ таҳкиму густариш меёбанд.



Зимни сӯҳбат зарурати таҳия ва татбиқи барномаи яксола ё худ сесолаи ҳамкории мақомоти марбутаи соҳаи ҷавонони Тоҷикистону Эрон мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.



Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора з хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.