Офати табиӣ ба Тоҷикистон 1 млн. $ хисорот ворид сохт

            Душанбе. 12-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти пешакӣ бар асари боронҳои шадиду муттасил дар моҳҳои апрел-май ба хоҷагии халқи Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 млн. $ зарар расонида шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ хабар доданд.             Мутаасифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 12-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти пешакӣ бар асари боронҳои шадиду муттасил дар моҳҳои апрел-май ба хоҷагии халқи Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 млн. $ зарар расонида шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ хабар доданд.






           




Мутаасифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Танҳо дар рӯзҳои ид дар натиҷаи борони селу резиши ярч 9 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 6 нафарашон кӯдакон мебошанд.



Шаби 9-уми май дар километри 158-уми роҳи мошингард, дар ағбаи Шаҳристон бар асари сангфароӣ автомашинаи КАМАЗ ба ҷарии чуқуриаш


550 метр

сарозер р


афта, дар натиҷа ронандаву ду нафар мусофири ӯ ба ҳалокат расиданд. Ҳамин рӯз инчунин дар ноҳияи Айнӣ зимни чаронидани чорво аз кӯҳ ярч фаромада, чӯпон – Анвар Нарзиевро зинда ба зинда ба коми худ кашид.

    

Рӯзи 8-уми май дар ноҳияи Турсунзода бар асари фаромадани сел 3 нафар кӯдаки ноболиғ фавтида буданд.




           

Қаблан дар бораи 9 нафар ҷабрдидагон аз офатҳои табиӣ хабар дода шуда буд.


Дар моҳҳои апрел- майи соли ҷорӣ аз боронҳои шадиду муттасил беш аз 100 хонавода осеб дида, садҳо гектар заминҳои кишт зарар диданд ва қитъаҳои бузурги роҳҳои мошингард корношоям гардида, якчанд пул хароб гардид. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, бар асари боришоти шадид мавсими киштукор бо қафомонӣ аз нақша ҷараён дорад. Дар ҳамин ҳол, мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон, боришоти шадид то то нимаи моҳи май идома хоҳад ёфт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.