Дар шимоли Афғонистон барои убури ғайриқонунии марз ду оилаи тоҷикистониён боздошт гардид

Date:



           

Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, барои убури ғайриқонунии марзи давлатӣ 12 нафар шаҳрванди тоҷик боздошт гардид.





           

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти қудратии кишвар, рӯзи 1-уми май ду оилаи тоҷикистониён аз ноҳияи Ашт тавассути ноҳияи Шӯрообод вориди Афғонистон мешаванд. «Онҳо 14 нафар будаанд, вале ба ду нафар муяссар мешавад, ки аз пулиси афғон пинҳон шаванд», – гуфт манбаъ.




           

Дар сомонаи Афганистан.ру гуфта мешавад, миёни боздоштшудагон се нафар зан ва се нафар кӯдакон ҳузур дошта, боқимонда мардони калонсол мебошанд. «Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик боздоштшудагон ҷиҳати бозпурсӣ ба маркази маъмурии вилоят – шаҳри Файзобод мунтақил хоҳанд шуд», – омадааст дар иттилои сомона.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...