Дар марказҳои омӯзишии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои сохтори пулиси Афғонистон мутахассисон тайёр карда мешаванд

Date:


Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқоти вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров бо сармушовири пулиси Дабири кулли САҲА Кевин Карти масъалаи барои пулиси Афғонистон дар маркази омӯзишии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тайёр кардани мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Чӣ тавре ки аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷонибҳо ҷараёни амалсиозии лоиҳаи муштараки «Курси омӯзишӣ барои афсарони пулиси афғон оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухадддир»-ро муафссал баррасӣ намуданд. «Тибқи чорабиниҳои лоиҳа, моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ дар марказҳои Агентии назорати маводи нашъаовар ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба омӯзиш фаро гирифтани 40 корманди пулиси бахши мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон ба нақша гирифта шуда, машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорони Академияи ВКД ва коршиносони Агентии мубориза бо маводи нашъаовар гузаронида мешаванд», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои сарчашма, иштирокдорони мулоқот инчунин атрофи дигар масоили мавҷудаи ҳамкории миёни Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ низ табодули афкор карданд.



Кевин Карт бо сафари дурӯзаи корӣ рӯзи 28-уми апрел ба Тоҷикистон ташриф овард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...