Дар Тоҷикистон тайёр кардани мутахассисон оид ба менеҷменти инноватсионӣ шурӯъ мегардад

            Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсия Хаёл Бобоев изҳор дошт, ки дар соли хониши нав дар ин муассисаи таълимӣ шӯъбаи тайёр кардани мутахассисон оид ба менеҷменти инноватсионӣ ифтитоҳ мегардад.             Ба гуфтаи ӯ, донишкада ният дорад, ҳамчунин дар самтҳои лингвистика, ношир-муҳаррир, кору амал ва таҷриба […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсия Хаёл Бобоев изҳор дошт, ки дар соли хониши нав дар ин муассисаи таълимӣ шӯъбаи тайёр кардани мутахассисон оид ба менеҷменти инноватсионӣ ифтитоҳ мегардад.





           

Ба гуфтаи ӯ, донишкада ният дорад, ҳамчунин дар самтҳои лингвистика, ношир-муҳаррир, кору амал ва таҷриба низ мутахассисон тайёр намояд.




           

Аз нигоҳи Х.Бобоев, як касб дар чандин макотиби олӣ омӯхта мешавад, ҳол он ки бояд омӯзиши касбҳои навро, ки ба он эҳтиёҷ пайдо мешавад, мебояд ба роҳ монд. «Ман ҷонибдори на шумора, балки сифатам», – гуфт ӯ.




           

Феълан дар донишкадаи мазкур 1700 нафар донишҷӯ таҳсил намуда, он дорои 7 шӯъба, аз қабили информатика, иқтисоди ҷаҳонӣ, менеҷмент, низомҳои иттилоотӣ ва фанноварӣ, муносиботи байнулмилалӣ, таъмини лингвистии коммуникатсияҳои байнифарҳангӣ ва ҳуқуқи байнулмилалӣ мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.