ҶСК «Ориёнбонк» дар пойтахт банкомати нав насб мекунад

Date:



           

Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии «Ориёнбонк» тасмим гирифтааст, дар пойтахти кишвар боз як банкомати нав насб созад.




Бо мақсади вусъат додани самтҳои мавҷуда ва азхуд намудани самтҳои нави бизнес, инчунин таъмини имкониятҳои беҳтарин барои мизоҷони худ, дорандагони кортҳои бонкӣ, Ориёнбонк шабакаи банкоматҳои худро на танҳо дар пойтахт, балки дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ низ васеъ мегардонад.



Аз семоҳаи чоруми соли 2008, банкоматҳои наве, ки дар фурудгоҳи шаҳри Чкалови вилояти Суғд, дар филиалҳои шаҳрҳои Турсунзода, Роғун ва Норак, инчунин дар майдончаи сохтмонии ГЭС-и Роғун муқаррар карда шуданд, ба кор шурӯъ намуданд. Барои боз ҳам бароҳат амалӣ гардонидани пардохтҳои ғайринақдии молу хизматҳо дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ, бонк инчунин Pos-терминалҳоро устувор менамояд, ки он ба кормандон ва мизоҷони бонк бе иштироки пули нақд пардохт намудани молу хизматҳоро имкон медиҳад.



Рӯзҳои наздик устувор намудани боз як банкомат дар бинои телевизиони Сафина, ки бо он шартнома ба имзо расидааст, пешбинӣ шудааст.



Ба санаи интиҳоии ҳисоботии соли 2008 шумораи дорандагони кортҳои пластикии ҶСК «Ориёнбонк» то ба зиёда аз 14 ҳазор нафар расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ду маротиба зиёдтар буда, афзудани боварии мизоҷон ба бонк ва хизматрасонии бонкиро тасдиқ менамояд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонки мазкур хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...