Шумораи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар Тоҷикистон 30 дарсад зиёд карда мешавад

            Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласи ҷамъбастии ҳукумати кишвар рӯзи 15-уми январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, шумораи нерӯгоҳҳои хурди барқиро дар ҷумҳурӣ беш аз 30 дарсад зиёдтар намояд.             Сарвари давлат ба сохторҳои дахлдори вазорати энергетикаву саноати ҷумҳурӣ супориш дод, ки то ахири сол мавриди […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласи ҷамъбастии ҳукумати кишвар рӯзи 15-уми январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, шумораи нерӯгоҳҳои хурди барқиро дар ҷумҳурӣ беш аз 30 дарсад зиёдтар намояд.





           

Сарвари давлат ба сохторҳои дахлдори вазорати энергетикаву саноати ҷумҳурӣ супориш дод, ки то ахири сол мавриди истифода қарор гирифтани 50 нерӯгоҳи хурди нав дар кишварро таъмин созанд.




           

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик» феълан дар Тоҷикистон 155 нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 12,5 ҳазор кВт/соат ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 101-тоаш бо иқтидори 4,6 ҳазор кВт/соат амал мекунад. Зикр гардид, ки соли 2008 дар нерӯгоҳҳои хурди барқӣ 19,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гаштааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер