Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Арзиши сабади истеъмолӣ дар кишвар ба охири соли гузашта ба як узви оила дар як моҳ 88,1 сомонӣ ва дар сурати меъёри ратсионалии истеъмол 174,46 сомониро ташкил дод.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар соли 2008 индекси нарҳои истеъмолӣ 111,8 дарсад, аз он ҷумла, ба молҳои озуқа – 113,0, молҳои ғайриозуқа – 105,5 ва ба хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 120,6 дарсадро ташкил кард.
Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар сектори истеъмолӣ 0,98 дарсадро ташкил дод. Соли гузашта нархҳо ба молҳои ғайриозуқа – 5 ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 20,6 дарсад боло рафтааст. Пардохти истифодаи нерӯи барқ – 2 баробар, гази шабакавӣ – 38,9, чиптаҳои ҳавопаймо – 3,6, чиптаи нақлиёти роҳи оҳан – 17,9, хизматрасонии автомобили мусофирбарӣ – 14,4, хизмати алоқа – 2,5 ва хизматрасонии муассисаҳои кӯдаконаи томактабӣ – 10,4 боло рафтааст.


