Лоиҳаи Бурси Фонди Каталикӣ анҷоми сохтмони нӯҳ мактабро ба нақша гирифт

Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2009 Лоиҳаи Бурси Фонди Каталикӣ дар доираи марҳилаи дуввуми татбиқи лоиҳа анҷоми сохтмони нӯҳ мактаби таҳсилоти умумиро ба нақша гирифт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази идораи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорҷӯбаи амалисозии марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа дар 16 шаҳру […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2009 Лоиҳаи Бурси Фонди Каталикӣ дар доираи марҳилаи дуввуми татбиқи лоиҳа анҷоми сохтмони нӯҳ мактаби таҳсилоти умумиро ба нақша гирифт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази идораи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф хабар доданд.




Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорҷӯбаи амалисозии марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа дар 16 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 9,2 млн. $ беш аз 30 иншоот дар соҳаи маориф бунёду барқарор гардид. Ҳамчунин то оғози соли нави хониш нашри китобҳои дарсии нав ба миқдори умумии 360 ҳазор нусха пешбинӣ шудааст. Зикр гардид, ки минбаъд омодасозии макотиб ба гузаштан таҳти низоми маблағгузории инфиродӣ сурат хоҳад гирифт.



Ёдрас мекунем, ки Лоиҳаи Бурси Фонди Каталикӣ ба рушди стратегия дар бахши маориф нигаронида шуда, аз ҳисоби гурӯҳи мададрасонон тавассути Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад. Амалисозии лоиҳа 31-уми декабри соли ҷорӣ ба анҷом мерасад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.