Тавилдара 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз субҳи имрӯз интиқоли нерӯи барқ ба ноҳияи Тавилдара қатъ гардид.
Тавре роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия Аҳлиддин Каримов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба иллати набудани алоқа алҳол бо намояндагони масъули ширкати «Барқи тоҷик» тамос гирифтан имконнопазир аст, то ҷиҳати ҳалли мушкилот чораҷӯӣ карда шавад.
А.Каримов қайд кард, ки дар ноҳия 5 нерӯгоҳи барқии хурд бо иқтидори 15-16 кВт/соат амал мекунанд, ки барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти ноҳия басанда нест. «Дар деҳаҳои Чашмаи Кабуд ва Қаранаку Шоҳкаҳак бо дастгирии Корпуси шафқат ва Барномаи рушди СММ нерӯгоҳҳои хурд бунёд ёфтаанд», – гуфт ӯ.
Раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар деҳаҳои Муридон ва Таги Ағба аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои худ нерӯгоҳҳои хурд бунёд намудааст, ки дар мавсими зимистон дар деҳаи аввал 25 оила ва дар деҳаи дуввум 8 олиаро бо нерӯи барқ таъмин месозанд.


