Деҳқонони тоҷик наздик ба 70% кишти пумбадонаро ба анҷом расонданд

Душанбе. 19 апрел. «Азия-Плюс» – | Деҳқонони кишвар то ба имрӯз дар 144 ҳазор гектар замин пумбадона кишт карданд, ки 68,6%- ро аз 210 ҳазор ҳектари барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, ташкил медиҳад. Тарве ба «АП» аз вазорати кишоварзӣ хабар доданд, имрӯз дар майдонҳои пахта 1 ҳазору 23 трактор ба кор дароварда шудаанд. […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 19 апрел. «Азия-Плюс» – | Деҳқонони кишвар то ба имрӯз дар 144 ҳазор гектар замин пумбадона кишт карданд, ки 68,6%- ро аз 210 ҳазор ҳектари барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, ташкил медиҳад.

Тарве ба «АП» аз вазорати кишоварзӣ хабар доданд, имрӯз дар майдонҳои пахта 1 ҳазору 23 трактор ба кор дароварда шудаанд.

Деҳқонони вилояти Хатлон дар кишти пумбадона, то ба имрӯз , пешсаф баромаданд. Дар вилоят 102,3 ҳаз. ҳектар замин ( 78,4% аз 130,5 ҳаз. ҳектари барои имсол ба нақша гирифта шуда) пумбадона кишт карда шуд. Вилояти Суғд 34,5 ҳаз. ҳектар ё худ 55,2% аз 62,5 ҳаз. ҳектари нақша ва навоҳеи тобеъи ҷумҳурӣ дар беш аз 7 ҳаз. ҳектар замин (42% аз 17 ҳаз. ҳектари ба нақша гирифта шуда) пумбадона кишт карданд.

Мавсими кишти пахта соли ҷорӣ дар Тоҷикистон расман авохири моҳи март шурӯъ шуд. Ба хотири баланд шудани арзиши пахта дар бозори ҷаҳонӣ, нақша аст имсол дар майдони 210 ҳаз. ҳектар замин пахта кишт карда шавад, ки эҳтимол аст аз он 400 ҳазор тонн ҳосил ҷамъоварӣ карда мешавад

Соли газашта аз 160,4 ҳаз. ҳектар замин кишти пахта 310 ҳазор тонн пахта ҷамъоварӣ карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.