ҲНИТ дар интихоботи парлумонӣ ширкат намеварзад

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Конфронси ноҳиявии ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо ироаи мактуб ба комиссияи интихоботии ҳавзаи №4 ноҳияи Сино аз ширкати намояндаи ҳизб Саидиброҳими Назар дар интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар даст кашид. Дар ин бора ба «АП» аз қароргоҳи марказии ҳизб хабар доданд. Ёдрас мешавем,  Саидиброҳими Назар алорағми хоҳиши […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 21 апрел. «Азия-Плюс» – | Конфронси ноҳиявии ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо ироаи мактуб ба комиссияи интихоботии ҳавзаи №4 ноҳияи Сино аз ширкати намояндаи ҳизб Саидиброҳими Назар дар интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар даст кашид. Дар ин бора ба «АП» аз қароргоҳи марказии ҳизб хабар доданд.

Ёдрас мешавем,  Саидиброҳими Назар алорағми хоҳиши худ ба ҳайси номзад ба вакили палатаи поёнии парлумон аз ҲНИТ  сабти ном  шудааст. Раиси комиссияи интихоботии ҳавзаи «Сино 4» Абдулло Ҳабибов  гуфт, мувофиқи қонунгузории кишвар  номзадии Саидиброҳими Назар аз сӯйи конфронси ноҳиявии ҲНИТ пешниҳод шуд ва танҳо ин ташкилот ҳаққи бозпас  гирифтани онро дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.