Гул Шералӣ: «Вазъ он гунае, ки буд, ҳамон гуна боқӣ мемонад»

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Натоиҷи санҷиши иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи сохтмони «НБО Роғун» дар ояндаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, хабар дод вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, зимни нишасти матбуотӣ, ки 22 апрел дар Душанбе баргузор гашт. Ба гуфтаи вазир, феълан мутахассисони ширкати швейтсарии Poyry Energy Ltd, ки бо ташхиси лоиҳа сару […]

Расул Шодон

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Натоиҷи санҷиши иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи сохтмони «НБО Роғун» дар ояндаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, хабар дод вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, зимни нишасти матбуотӣ, ки 22 апрел дар Душанбе баргузор гашт.

Ба гуфтаи вазир, феълан мутахассисони ширкати швейтсарии Poyry Energy Ltd, ки бо ташхиси лоиҳа сару кор гифритаанд, якчанд пешниҳодоти ҳукумати кишварро баррасӣ доранд.

Баҳои фаннӣ-иқтисодии НБО Роғун авохири моҳи майи соли равон омода мешавад, хабар дод вазир ва афзуд, « мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ баъди ду ҳафта ба Тоҷикистон омада рӯзи дақиқи пешниҳоди натоиҷи санҷишро муайян мекунанд».

Ба иддаои Гул Шералӣ дар раванди лоиҳа тағироте ба амал нахоҳад омад. «Вазъ он тавре, ки буд, ҳамон гуна боқӣ мемонад», изҳор дошт вазир.

Сохтмони НБО Роғун бо иқтидори 3,6 ҳаз. МВт дар рӯди Вахши Тоҷикистон, бо сохтмони сарбанд бо баландии 335 метр ҳанӯз мобайнҳои солҳои 80 уми асри гузашта шуруъ шуд.

Барои сохтмони нерӯгоҳ 2,2 млрд доллар лозим аст ва Тоҷикистон эълон дошт, ки нерӯгоҳи Роғунро мустақилона хоҳад сохт. Барои корҳои барқарорсозӣ дар НБО 800 млн сомонӣ дар буҷаи кишвар ҷудо шудааст.

Соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ  созишнома дар хусуси гузарондани санҷиши байналхалқии лоиҳаи сохтмони НБО Роғун ва ташхиси  таъсири экологии фаъолияти он ба кишварҳои минтақа, ба тасвиб расонданд. Авохири соли 2010 консортсиуми байналхалқӣ бо раҳбарии Coyneet Bellier Consulting Engineers-и Фаронса иҷозаи гузарондани ташхиси техникӣ-иқтисодии лоиҳаро ба даст овард.

Моҳи феврали соли равон  ширкати Poyry Energy Ltd –и Швейтсария дар рафти баргузории тендер ҳуқуқи гузарондани ташхиси экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаро ба даст овард.

Тибқи нақша натиҷаи ташхис аввалҳои соли 2012 пешниҳод карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар Роғун корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.