Хисороти зиёди борони сел дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ

Date:

Душанбе. 12-уми май. Азия-Плюс — Борони сели дирӯз дар манотиқи гирду атрофи пойтахт харобиҳои зиёде ба бор овард.

Тавре ба ои «Азия-_Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар деҳаи Шолии ноҳияи Ҳисор бар асари офат 7 манзил хароб гардида, ҳудуди 600 метр роҳи автомобилгард ва заминҳои кишт осеб дидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар деҳаи Шӯрмаккаи ноҳияи Рӯдакӣ бар асари сел 7 километри роҳи мошингард хароб гардидааст. «Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест», – иброз дошт сарчашма.

Ҳамзамон аз сарчашмаи мазкур хабар доданд, ки айни замон дар маҳалли ҳодиса корҳои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ роҳандозӣ мегардад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...