Рушди Тоҷикистон: Ақл ё энерҷӣ

Таҳлилгарон мегӯянд, дар Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёт бештар ба тарҳҳои энергетикӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мешавад ва барои касб намудану ба даст овардани истиқлолияти барқӣ аз ҳама гуна имконот ва манбаъҳо истифода мегардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба андешаи намояндагони касбу кори мухталиф дар Тоҷикистон, тавассути дигар соҳаҳо низ метавон барои пешрафти иқтисодиёти кишвар мусоидат кард. […]

Asia-Plus

Таҳлилгарон мегӯянд, дар Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёт бештар ба тарҳҳои энергетикӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мешавад ва барои касб намудану ба даст овардани истиқлолияти барқӣ аз ҳама гуна имконот ва манбаъҳо истифода мегардад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба андешаи намояндагони касбу кори мухталиф дар Тоҷикистон, тавассути дигар соҳаҳо низ метавон барои пешрафти иқтисодиёти кишвар мусоидат кард.

Аз ҷумла Ҳикматулло, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, агар мо хоҳем, ки иқтисодиёти Тоҷикистонро боло барем бояд ба соҳаи туризм аҳамият бидиҳем. Зеро ин кишвар дорои табиатест, ки таваҷҷӯҳи ҳазорҳо сайёҳонро ба худ мекашад. Зарур аст, ки барои ин сайёҳҳон дар ҷойҳҳои зебоманзар мавзеъҳои махсус бунёд шавад. Бо ин роҳ онҳо ҳам бо урфу одати тоҷикон ошно мешаванд ва ҳам ба иқтисодиёти Тоҷикистон фоида меоранд, меафзояд ҷаноби Ҳикматулло.

Баҳор Қамаров, иқтисодшиноси тоҷик, ба ин назар аст, ки рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар барои пешрафти иқтисодиёт метавонад нақши муассир дошта бошад. Ба  гуфтаи вай, ҳоло дар Тоҷикистон қувваи кории арзон мавҷуд аст, ки аз онҳо метавонанд сармоягузорони хориҷиву дохилӣ истифода баранд.

Ғаюр Қаҳҳоров, яке аз дигар иқтисодшиносҳои тоҷик мегӯяд, кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳим ва манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқа ва ашёи хоми саноатӣ ба шумор рафта, барои пешрафти иқтисодиёти кишвар, густариши бозори рақобатнок ва ба хориҷи мамлакат содир намудани маҳсулоти хушсифат замина мегузорад. Ба андешаи вай, таъмини истиқлолияти озуқавории кишвар ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум аз рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад.

Дар ҳамин ҳол, аксари дигари муcоҳибонамон мегӯянд, Тоҷикистон бояд бештар ба нерӯи зеҳнии шаҳрвандон  таваҷҷӯҳ зоҳир кунад. Зеро тавассути тавоноии зеҳнӣ мешавад ба ҳама гуна пешрафтҳо ноил шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.